Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада аз рӯи нақша аз Афғонистон берун мешавад


Вазири хориҷаи Канада гуфт, ки нирӯҳои онҳо баъди соли 2011 дигар дар Афғонистон нахоҳанд монд, ҳатто агар аз онҳо инро раиси ҷумҳурии тозаинтихоби Амрико Барак Обама дархост кунад. Вазири хориҷа Лоуренс Каннон дар сӯҳбат бо Ассошейтед Пресс гуфт, ки Канада тибқи нақша соли 2011 нирӯҳояшро аз хоки Афғонистон берун мекашад. Обама дар сӯҳбатҳои пешазинтихоботиаш оид ба зарурати афзун кардани шумори нирӯҳо дар хоки Афғонистон ба хотири вусъат додан ба муборизаи зидди Толибон ва Ал-Қоида сӯҳбат кардааст. Канада алъон дар вилояти Қандаҳор, ки ба маркази хушунатҳои Афғонистон табдил шудааст, ҳудудан 2500 нирӯ дорад.
XS
SM
MD
LG