Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи қоматбаландтарин фарди олам


Бао Хишун, ки бо 2 метру 36 сантиметр қади худ дар Чин ба сар мебарад, қоматбаландтарин фарди ҷаҳон маҳсуб мегардад. Ӯ, ки ҳоло дар хонаи маъмулие зиндагӣ мекунад, мунтазири кӯч бастан ба манзили наваш мебошад, ки дар он ҷо дигар сараш ба дару девор намехӯрад.

Манзили нав, бузургу баланд аст ва рахти хоб ҳам тақрибан дувуним метр дарозӣ дорад. Чӯпони собиқ, ки баъди ворид шудан ба китоби рекордҳои Гиннес таваҷҷӯҳи зиёдеро ба худ кашид, моҳе пештар соҳиби фарзанд шуд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори Франс Пресс, Бао Хишун гуфтааст, ҳоло худро беҳтар ва хушбахттар эҳсос мекунад, зеро соҳиби фарзанд шудааст.

Ин сокини 57-сола ва ғӯлпайкари Чин аввалин бор соли 2005 аз тарафи муаллифони Китоби рекордҳои Гиннес қоматбаландтарин фарди дунё эълом шуд ва бо кӯмаки молии онҳо Бао Хишун ба Аврупову Осиё ва Амрикои Ҷанубӣ сафар кард. Аммо ӯ ҳоло ҳам марди оддиест, ки тамошои бозии баскетболро дӯст медорад ва доир ба ояндаи фарзанди деринтизораш Тианйу орзуҳои нек мекунад. “мехоҳам писарам баскетболбоз шавад” гуфтааст, Бао Хишун, ки худаш дар гузашта баскетболбоз буд, вале баъди мушкилот дар ҳаракаташ дигар натавонист ин шуғли худро идома бидиҳад.

Бечора Бао Хишун тақрибан нисфи умрашро дар ҷустуҷӯи ҳамсар сипарӣ карда ва танҳо моҳи марти гузашта бо Хиа Шуҷуяни 29- сола аз шаҳри Чифенг издивоҷ кард. Хиаи 1 метру 68 сантиметрӣ, ки ба қадаш ба оринҷи шавҳари ғӯлпайкараш мерасад, барои писараш орзуҳои заминӣ доштааст. Вай мегӯяд, мехоҳад, Тианйоу қади маъмулӣ дошта бошад, масалан агар ба 1 метру 80 ва ё 90 сантиметр бирасад, барои ман кофист, гуфтааст Хиа Шуҷуян.

Вале Бао Хишун, ки падару модари маъмулӣ доштааст, дар синни 16 солагӣ қоматбаландтарин фарди шаҳри Чифенг будааст ва то синни 22 солагӣ сабзидасту сабзидаст. Хабарнигори Франс Пресс, ки Бао Хишунро марди хоксору хушзабон тасвир карда ва менависад, баъзан Бао Хишун орзу мекардааст, мисли дигарон маъмулӣ бошад, зеро ворид шудан ба дару мошин, меҳмонхонаҳо, ки рахти хоби хурд доранд, барои ӯ муносиб набудааст.

Яке аз мушкили сахти ӯ пайдо кардани пойафзор будааст, зеро шумо дар ҳеҷ куҷо кашфи ҳаҷми 56 ро пайдо карда наметавонед. Аммо қоматбаландӣ хубӣ ҳам доштааст, ҳал мекунад Бао Хишун ва мегӯяд, масалан шумо бе зина метавонед, чароғи сӯхтаи хонаи худро иваз кунед.

Соли 2006 ӯро табибон ба кӯмак хостанд, то аз шиками ду делфини бемор, ашёи фурӯбурдаи онҳоро берун кунад. Бао Хишун, ки муғул аст, дар Чин шахси истисноӣ маҳсуб мешавад ва ҳукумати Чин ки сиёсати яккафарзандиро пеш гирифтааст, ба ӯ иҷоза додааст, ду фарзанд ҳам дошта бошад. Вале Бао Хишун ба хабарнигори Франс Пресс гуфтааст, якто кофист, аммо хонуми ӯ Хиа Шуҷуан ҳоло ба қарор наомадааст ва мегӯяд, ҳоло барвақт аст тасмим гирифтан.

XS
SM
MD
LG