Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳероин: Кобул – Душанбе – Маскав - Лондон


Мубориза бо маводи мухаддир аз хуи Афғонистон оғоз мешавад. Вале бо вуҷуд ин ҳероин то ба қалби Аврупо мерасад
Мубориза бо маводи мухаддир аз хуи Афғонистон оғоз мешавад. Вале бо вуҷуд ин ҳероин то ба қалби Аврупо мерасад

Сомонаи интернетии " Mail On Line" зери унвони "Тойчаҳои маводи мухаддири Маскав" мақолае ба нашр расондааст. Дар ин мақола муаллиф Дан Макдогал саъй кардааст, роҳҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Маскав ва шаҳрҳои дигари Аврупоро нишон диҳад. Сипас вай дар бораи ба истилоҳи худаш "Русская Мафия" сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, ки мафияи маводи мухаддирро дар Маскав озарбойҷониҳо ва тоҷикон таҳти контроли худ доранд.

Мақола бо ин навиштаҳо шурӯъ мешавад, ки як зани тоҷик чӣ тарз бастаҳои ҳероинро омода мекунад, то онҳоро фурӯ бибарад ва дар меъдааш тавассути парвози Душанбе-Маскав ба пойтахти Русия интиқол диҳад. Дар мақола аз ин зан ном бурда намешавад, вале вай ба муаллифи мақола гуфтааст, ки панҷ сол ба ин кор машғул будааст ва зиндагиаш аз ҳамин ҳисоб мегузарад. Зани қочоқчӣ эътироф кардааст, ки боре дастгир шудааст ва дар ин миён ду солро дар зиндон сипарӣ кардааст. Зан гуфтааст, ҳоло вайро дар ин масир ҳама кормандони интизомӣ мешиносанд ва тақрибан бо вай коре надоранд. Муаллифи мақола менависад, ки баъд аз интиқол ба Маскав ин маводи мухаддир ба тарабхонаҳо ё кулубҳои шабонаи Маскав тақсим мешавад ё роҳашро ба Аврупо идома медиҳад.

Муаллифи мақола аз номи Оҷонси маводи мухаддири СММ менависад, ки беш аз як миллиону 65 ҳазор нафар дар Русия мӯътоди маводи мухаддиранд ва ин миқдор 1,6 дарсади аҳолии бузургсоли ин кишварро ташкил медиҳад.

Сипас муаллиф бо зане бо номи Искра дар бозори Измайловои Маскав мулоқот мекунад, зане, ки мӯътоди маводи мухаддир аст ва бо тиҷорати ҳероин низ машғул аст. Вай мегӯяд, замоне ба вай аз Туркия ҳероин меовардаанд, ҳероини омехта. Вале ҳоло тоҷирони тоҷик вайро бо ҳероини соф таъмин мекунанд. Хонум Искра, ки шояд номи мустаъор аст, гуфтааст, амалиёти интиқоли ҳероин на танҳо зери назорати радарҳо тавассути пулиси Маскав, балки аз сӯи мафияи бераҳм низ ба таври шадид назорат мешавад. Ба гуфтаи вай, ба ин мафия дуздони варзида ва касбӣ шомиланд. Онҳо тоҷикон ва озарбойҷониҳои муқими Маскав мебошанд, ки интиқоли ҳероинро контрол мекунанд. Аъзои ин мафия дар Афғонистон низ мисли хазандаҳо роҳ ёфтаанд ва худашон тарзи интиқоли ҳероин тавассути Тоҷикистонро музокира мекунанд. Бозигарони аслии ин мафия маводи кимиёвиро, ки барои таҳияи ҳероин зарур аст, ба миқдори зиёд аз Чин харидорӣ мекунанд, вале нирӯҳои интизомӣ дар ин бора хабаре надоранд.

Муаллиф аз номи як корманди собиқи КГБ менависад, ки як кило ҳероин дар Афғонистон 500-600 доллар арзиш дорад, вале вақте, ки ба Душанбе мерасад, арзиши он то ба 1000-1200 доллар боло меравад. Дар Маскав нархи он аз 20 то ба 30 ҳазор доллар баробар мешавад. Вале фурӯши он 70 ҳазор доллар аст, ки 20 баробар фоида медиҳад. Бино ба гузориши СММ, "Русская Мафия" дар соли 2007 аз қочоқи ҳероин 4 миллиарду 200 миллион доллар даромад ба даст овардааст, ки он ба 7 дарсади даромади нохолиси кишварҳои Осиёи Марказӣ баробар аст. Ба гуфтаи корманди собиқи КГБ, "Русская Мафия" котроли интиқоли ҳероин ба Лондонро низ дар ихтиёр дорад ва дар вазорати дохилаи Бритониё маҷбур шудаанд, барои расидагӣ ба фаъолияти ин мафия бахши вижа ташкил диҳанд.

Бино ба гузориши СММ, соли ҷорӣ дар Афғонистон дар 193 ҳазор ҳектор тарёк кишт шудааст ва он дар даҳ соли ахир собиқа надорад. Соли гузашта Афғонистон 92 дарсади тамоми маводи мухаддири ҷаҳонро тавлид кард ва интизор меравад, ки имсол ин нишондиҳанда боло равад.

Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байнулмиллалӣ кӯшиш мекунанд, ки бо таҳкими марзи кишварҳои ҳамҷавор бо Афғонистон ва назорати вазъ дар дохили Афғонистон аз интиқоли маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунанд. Муаллифи мақола навиштааст, аз соли 2002 ба ин сӯ Бритониё барои омӯзиш додани сарбозони маҳаллӣ, пулис, бозрасону додхоҳон ва сохтмони бинои додгоҳи маводи мухаддир 262 миллион доллар ба Тоҷикистон додааст. Амрико низ барои иҷрои тарҳҳои марбута як миллиард доллар сарф кардааст, то аз хурӯҷи маводи мухаддир дар худи Афғонистон ҷилавгирӣ ба амал ояд. Муаллиф менависад, бо вуҷуди ин, тадобири анҷомшуда амнияти марзро ба андозаи кофӣ таъмин накардааст.

XS
SM
MD
LG