Вай Вошингтонро дар бӯҳрони саросарии молӣ ва нақшаи истиқрори сипари зиддимушакиаш дар Аврупои марказӣ айбдор кард. Лаҳни шадиди зиддиамрикоӣ дар паёми солонаи Медведев ҳамагӣ соъоте чанд ба дунболи пирӯзии таърихии Барак Обама дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико баланд шуд.
Дмитрий Медведев алакай дар оғози суханрониаш эълом кард, ки Русия дар вокуниш ба нақшаи Амрико ҷиҳати истиқрори сипари зиддимушакиаш дар Лаҳистону Чехия мушакҳои кӯтоҳпарвози худро дар вилояти Калининград, ки бо ду кишвари узви паймони низомии НАТО –Лаҳистон ва Литва ҳаммарз аст, мустақар мекунад: “Ба хотири дар сурати зарурат хунсо кардани низоми зиддимушакӣ, дар вилояти Калининград маҷтамаъи мушакии Искандар мустақар карда хоҳад шуд.”
Русия шадидан мухолифи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Чехияву Лаҳистон буда, онро таҳдид ба амнияти миллиаш арзёюӣ мекунад. Дмитрий Медведев афзуд, ки Маскав қасд дорад, тасмими қаблиаш дар мавриди қатъи фаъолияти се воҳиди низомии мушакиаш дар шаҳри Коёлск, дар ғарби Русияро низ лағв кунад.
Медведев ҳамчунин сиёсати хориҷии Амрикоро дар таҳрик додани низоъи низомии моҳи август миёни Русияву Гурҷистон бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ муқассир донист ва гуфт, пуштибонии якравонаи Вошингтон аз Тифлис баёнгари хатти машши худбинонаи маъмурияти Амрикост, ки ба бовари раисиҷумҳури Русия, интиқодро намепазирад ва ба иттихози тасмимҳои якҷониба бартарӣ медиҳад. Медведев изҳор дошт, ки Русия дар Қафқоз ақиб нахоҳад нишаст.
Ӯ ҳамчунин паймони низомии НАТО-ро муттаҳам кард, ки мехоҳад ҷанги Гурҷистонро ба хотири густариши низомиаш истифода барад: “Низоъи Қафқоз ҳамчун баҳона барои вуруди киштиҳои низомии НАТО ба баҳри Сиёҳ ва баъдан ба хотири ҳарчӣ зудтар ба гардани Аврупо таҳмил кардани низомҳои зиддимушакии Амрико истифода шуд, ки ба сари худ тадобири ҷавобии Русияро дар пай хоҳад дошт.”
Дмитрий Медведев дар паёми солонааш Амрикоро ҳамчунин барои, ба гуфтаи вай, эҷоди бебандуборӣ дар иқтисоди ҷаҳон ва замина гузоштан ба бӯҳрони молӣ, ки мунҷар ба суқути бозорҳои ҷаҳонӣ ва ба ҳоли рукуд даромади иқтисоди соъири кишварҳо шуд, ба боди сахти интиқод кашид. Вале ҳарчанд паёми солонаи Медведев ба дунболи пирӯзии Барак Обама дар интихоботи Амрико ироа мешуд, раҳбари Русия яқинан табрик гуфтан ба Обамаро дар суханрониаш “фаромӯш” кард ва танҳо изҳори умедворӣ кард, ки маъмурияти нави Кохи Сафед ҷиҳати беҳбуди равобити рӯ ба танишовардаи миёни Вошингтону Маскав талош хоҳад кард.
Бахши дигари сӯҳбатҳои Дмитрий Медведев пиромуни масоили дохилӣ буд. Медведев тааҳҳуд супурд, ки аз масири таъйинкардаи пешгузаштааш Владимир Путин, ки дар толор дар рӯбарӯи Медведев нишаста, ба паёми ӯ гӯш медод, бар нахоҳад гашт. Медведев дар паёмаш ҳамчунин хостори тағйири давраи фаъолияти ҳам раёсати ҷумҳурӣ ва ҳам парлумон шуд: “Пешниҳоди дигари ман мутобиқан ба 6 ва 5 сол тамдид кардани мӯҳлати фаъолияти раёсати ҷумҳурӣ ва Думаи давлатист. “
Ин нахустин пешниҳоди бузурги Медведев ба хотири ислоҳи Қонуни асосии Русия арзёбӣ мешавад. Ба хотири шунидани нахустин паёми солонаи Дмитрий Медведев ба ҳайси раисиҷумҳури Русия дар толори Георгийи муқаддаси Кремлин тақрибан 1000 нафар аз вукалои парлумон, мақомоти аршади давлатӣ ва раҳбарони мазҳабиву хабарнигорон ҷамъ омада буданд. Ин паём тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ низ мустақим намоиш дода шуд.
ман лозим шавад дар назди худаш исбот карда медихам ки барои хучат имзо кардан чи кадар аз ман маблаг талаб кардааст
Рустам бародар бисер ОАДАБОНА ва аз руи ЭТИКЕТ харф ЗАДИ ва кабулхам ХАСТ локин инчо як нозукии КУЧАК хам ХАСТ вакте ба МАНЗИЛАТ бо тамом МУСАЛЛАХ зада даромада аз катлу куштор КОР мегиранд дигар ТАБИИСТ,ки инсон як ТАРАФ истан ХАЙВОН-хам,ки бошад НОГУЗИР аз худ ДИФОЬ мекунад...《макомот》(садкаи ин НОМ шаванд)мегуянд чавонони Бадахши рохоро БАСТАНД вале НАМЕГУЯНД барои ЧИ?!чи ва кирдори ки онхоро ба ин кор ВОДОР кард инро 《макомот》НАМЕГУЯД ку як бор таьрихи 30солаи хукумронии рахмонро ВАРАК зада БИНЕД майлаш мо Кулобихову Фронти Халки нимамон зиндониву ними дигар КУШТАВУ камтари дигараш БЕСОХИБУ бангиву ханги ГАШТАЕМ дар кучахо бе хонаву дар локин бо ин Помирихо ЧИ?!муомилаи 《хуб》дар ин 30сол 《кард》,ки онхо урову мункарони МАНКУРТ-шудаи уро бо ОГУШИ боз 《пешвозаш》гиранд...Рустамчон вакте,ки ЗАХМ аз мухлати мукарарии муоличааш ГУЗАШТ чои захм ГОНГРЕНА мешавад он чойро ба чуз КАТ кардан е БУРРИДАН дигар илоч НЕСТ 《хукумати》рахмон ба ГОНГРЕНА мубаддал ГАШТААСТ ва ба чуз КАТ кардан дигар МУОЛИЧА надорад!!!
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся
Шараф ба Шумо кахрамонхои Украини!!!Худо кунад,ки мо Точикистониен мисли Шумо Ватанаморо хамигуна ДУСТ дорему барои як ВАЧАБ замини даркор ШАВАД бо дасти ХОЛИ хам бошад аз ДИФО кунем!!!Боз хам ШАРАФ ба Шумо шараф шараф шараф!!!