Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи саввуми Сангтӯда-1 ба кор сар кард


Имрӯз, панҷуми ноябр, бо баргузории як маросим дар маҳалли бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 чархаи саввуми ин нирӯгоҳро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба кор андохт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, бо ба кор андохтани чархаи саввуми нирӯгоҳи Сангтӯда-1, ниёзмандиҳои сокинони кишвар ба нирӯи барқ дар тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ то ҳадде коҳиш ёфта, ва интиқоли дастрасии манотиқи кишвар ба нирӯи барқ ҳудудан як баробар меафзояд.

Бар тибқи ваъдаи раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз фаъол шудани чархаи саввуми нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1, интиқоли нирӯи барқ ба сокинони манотиқи кишвар аз фардо, 6 ноябр як соат афзуда ва ба ҳафт соат дар шабонарӯз баробар хоҳад шуд. Оқои Раҳмон дар расми ба кор андохтани чархаи саввуми ин нирӯгоҳ таъкид бар он кард, ки ҳамчунин дар моҳҳои декабр, январ ва феврали соли ҷорӣ сокинони манотиқи кишвар дар шабонарӯз ҳашт соат бо барқ таъмин мешавад. Ба қавли ӯ, ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар фасли сармо сокинони минтақаҳо 2 то 4 соат барқ доштанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки ангишт, гази моеъ ва дигар маводи сӯхт барои ниёзмандиҳои худ дар фасли сарморо захира кунанд, зеро ҳанӯз ҳавои зимистони соли ҷорӣ пешгӯӣ карда намешавад. Оқои Раҳмон бар изофа афзуд, чархаи саввуми нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 на дар мӯҳлати муқарраршуда дар моҳи декабри соли ҷорӣ, балки дар интиҳои моҳи январ ва ё дар оғози моҳи феврали соли оянда мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Юрий Шароф, узви раёсати ширкати Интер РАО низ дар ибтидои соли оянда ба кор даровардани чархаи чаҳорум ва ниҳоии нирӯгоҳи Сантгтӯда 1-ро таъкид карда, афзуд, зеро дар фасли сармо ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш хеле коҳиш ёфта, об барои фаъолияти танҳо се чарха кофӣ хоҳад буд. Оқои Шароф дар мавриди қиммати барқи тавлидкардаи нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1 гуфт, феълан бар тибқи қарордоди қаблӣ то анҷоми нирӯгоҳ бо арзиши бозори дохилии Тоҷикистон фурӯхта мешавад. Ӯ ҳамчунин афзуд, қиммати фурӯши нирӯи барқи тавлидшуда то анҷоми нирӯгоҳ барои Тоҷикистон 1, 7 дирам барои як киловат соат муқаррар шудааст.

Ин ҳам боз дар ҳолест, ки ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, сар аз оғоз то имрӯз ду агрегати аввали нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1, 840 миллион киловатт соат нирӯи барқ тавлид карда ва қарор аст ин нирӯгоҳ то интиҳои зимистон бо шумули чархаи саввум бештар аз як миллиард киловатт соат барқ тавлид кунад. Оқои Раҳмон бо ишорат ба дурнамои энержии кишвар гуфт, феълан ҳукумати Тоҷикистон нақшаи бунёди нирӯгоҳҳои кӯчак дар манотиқи кӯҳии кишварро тарҳрезӣ кардааст ва қарор аст то соли 2020 дар кишвар 180 нирӯгоҳи кӯчак, аз он ҷумла то интиҳои соли ҷорӣ 8 нирӯгоҳи кӯчак ва то мошҳи апрели соли оянда боз 9 нирӯгоҳи кучаки барқи обӣ шурӯъ ба кор кунад.

Ба ҳамин тартиб, бо фаъол шудани чархаи чаҳорум ва ниҳоии нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 тавоноии он ба 670 мегаватт баробар шуда ва дар сол 2 миллиарду 700 миллион киловатт соат барқ тавлид хоҳад кард.

Ҳамчунин, ба дунболи ин, оқои Раҳмон аз маҳалли бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 дидан карда ва аз ҷараёни иҷрои кор дар ин нирӯгоҳ изҳори нигаронӣ намуд. Навори видеоие, ки дар зер омадааст, аз боздиди раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин нерӯгоҳ ҳикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG