Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «РАО ЕЭС»-и Русия иддаъо мекунад, ки Тоҷикистон 3 миллион доллар аз ин ширкат қарздор аст ва бояд онро бипардозад.

Ширкати «РАО ЕЭС»-и Русия зимни номае ба унвонии сарвазири Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар хостааст, қимати нерӯи барқи истифодакарда аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро бипардозад.

Дастгоҳи нахустини нергӯҳои «Сангтӯда-1» дар моҳи январи соли равон ба кор андохта шуда буд.

Ба иддаъои «РАО ЕЭС» дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз ин ширкат беш аз 3 миллион доллар қарздор аст.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки танҳо як агрегати он то кунун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, як тарҳи муштараки ду кишвар аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он моли Русия мебошад ва 25 дар сади он ба давлати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Рашид Гулов, сармуҳандиси ширкати «Барки тоҷик», ба родиюи "Озодӣ" гуфт, ки Тоҷикистон ин қарзи худро дар зудтарин фурсат мепардозад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG