Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш. Гул: «Душанбе бебарқ нахоҳад монд»


Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе қавл дод, ки зимистони имсола барқ дар пойтахт қатъ нахоҳад шуд.

Дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе оқои Гул илова бар ин гуфт, шаҳри Душанбе бо гармӣ ва оби гарм низ дар зимистон таъмин хоҳад шуд. Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир навоҳии ҷумҳурӣ тӯли шаш соат дар шабонарӯз бо барқ таъминанд. Вале бино бар иттилоъи расида аз навоҳии кишвар, дар аксар шаҳру навоҳӣ ин реҷа риоя намешавад. Дар бархе аз минтақаҳо тамоман барқ расонида намешавад, дар бархе дигар аз 2 то 4 соат дода мешавад. Аз ин лиҳоз, мардум, ба қавли мақомоти вазорати энержӣ ва саноат, дар робита ба бақррасонии доимӣ ба Душанбе ва риояи реҷа дар шаҳру навоҳии дигар эътимод надоранд.

Ба далели радди ин шакку шубҳа Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, гуфт, ки шанбеи гузашта дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон миёни Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар робита ба таъмини обу барқ дар минтақа тавофуқ ҳосил шуд. Ва аз авоили моҳи ноябри соли ҷорӣ тронзити барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Шералӣ Гул гуфт, имсол аз Туркманистон 800 миллион киловатт соат нерӯи барқ ворид мешавад. Ва агар бо Узбакистон низ қарордод имзо шавад, дар он сурат зимистон 600 миллион киловатт соат нерӯи барқ аз Узбакистон ворид хоҳад шуд. Шералӣ Гул гуфт, бо иловаи нерӯи барқи Сангтӯда-1 ва нерӯгоҳи ҳароратии Душанбе имкон ҳаст, ки шаҳри Душанбе бо барқ доимӣ таъмин шавад.

Ба гуфтаи вазир, қимати як киловатт соат барқи воридшуда аз Туркманистон ба Тоҷикистон 3 сенти амрикоиро ташкил хоҳад дод.

Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон, ки ба чӣ далел сокинони Душанбе бо газ таъмин нестанд, гуфт, бархе аз масрафкунандагони газ, аз ҷумла корхонаҳо, аз ширкати газ қарздоранд ва Тоҷикгаз ба далели фуқдони пул наметавонад қарзҳои худро ба Узбакистон пардохт кунад.

Шералӣ Гул боло рафтани қиммати газ дар соли ояндаро мумкин хонд. Ба ин далел, Шералӣ Гул афзуд, дар ҳоли ҳозир талош аст, ки то андозае сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯлоб бо гази дохилӣ таъмин шаванд. Вай гуфт, бо ширкати «Мервес»-и Ҳинд дар кашфу истихроҷи газ дар ҷануби Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шудааст, ки ин ширкат дар ду манбаъи газ фаъолият хоҳад кард. Вай афзуд, бар илова, ҳамин корҳо аз сӯи ширкати «Тетис Петролиум»-и амрикоӣ ва «Газпром»-и русӣ дар ҷараён аст.

Шералӣ Гул дар ин нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли саноат дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Аммо оқои Гул аз ироаи арқоми рушд дар ин замина худдорӣ кард. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли саноат дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта беш аз 25 дарсад коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG