Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Қандаҳор таҳқиқ мешавад


Артиши Амрико имрӯз гуфт, гузоришҳо дар мавриди ҳалокати ғайринизомиёни афғон дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ алайҳи Толибон дар ҷануби Афғонистонро таҳқиқ мекунад. Раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай гуфт, ин ҳодиса дар ноҳияи Шоҳвалӣ Кут дар вилояти Қандаҳор, ки Толибон дар онҷо бисёр фаъоланд ба вуқӯъ пайвастааст. Вай ҷузъиёти ин ҳодисаро ошкор накард, вале хостори поён додан ба ҳалокати мардуми осоишта шуд. То кунун маълум нест, ки ин ҳодиса кай сурат гирифтааст. Ҳомиди Карзай аз Барак Обама - раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико, хостааст, роҳ надодан ба ҳалокати ғайринизомиён дар Афғонистонро аз авлавиятҳои кори худ қарор бидиҳад.
XS
SM
MD
LG