Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ фармондеҳи аршади артишро барканор кард


Президенти Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ фармондеҳи аршади нерӯҳои мусаллаҳи кишварашро аз вазифа барканор кард. Раиси ситоди ин нерӯҳо Заза Гогава барои камбудияш дар ҷанги кӯтоҳи Гурҷистон бо Русия дар моҳи август мансабро аз дат дод. Саакашвилӣ, ки аз амалкарди ҳарбиёни кишвари худ ҳангоми рӯёрӯӣ бо нерӯҳои Русия дар Осетияи Ҷанубӣ интиқод кард, гуфт, Владимир Чачибаиа раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон таъин хоҳад шуд. Ҳафтаи гузашта президенти Гурҷистон сарвазири кишварро аз мақомаш барканор карда буд ва гуфт, кишвараш баъд аз ҷанг ба нерӯи нав ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG