Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райдиҳӣ дар интихоботи Амрико идома дорад


Дар Амрико райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар идома дорад. Имруз мардуми Амрико ё Борак Обама-номзади Ҳизби Демократ ё Ҷон Маккейн-номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳро раиси ҷумҳури худ интихоб мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин интхобот 130 милён нафар рай диҳанд. То ҳол дар 30 аёлат тақрибан 29 милён нафар дар интихобот ширкат кардаанд. Тақрибан ҳамаи назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки Борак Обама-номзади демократҳо дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Хонум Ҳилларӣ Клинтон, ки аз Ҳизби Демократ барои номзадӣ мубориза мекард, ҳангоми райдиҳӣ бо шавҳараш Бил Клинтон-раиси ҷумҳури собиқ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Нию Йорк чунин гуфт:

"Ман хеле қаноъатманд ҳастам, ки мардум ба маъракаи демократҳо, ба паёмҳои Обама чунин посух медиҳанд, ба вижа баъд аз буҳрони иқтисодӣ дар нимаи моҳи сентябр. Мардум фаҳмидаанд, ки мо дар ин марҳалаи ҷиддӣ ба як раиси ҷумҳури ҷиддӣ ниёз дорем".

Имруз дар Амрико ҳамчунин 435 нафар аъзои Маҷлиси Намояндагон ва 35 нафар намояндагони Сенатро ипнтихоб мекунанд.

XS
SM
MD
LG