Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Спинбулдак 40 тонна ҳашишро нобуд карданд


Нирӯҳои эътилоф ва Афғонистон, ки дар ҷануби он кишвар ҷангиёни толибро таъқиб мекунанд, як коргоҳи тавлиди маводи мухаддирро кашф ва беш аз 40 тонна ҳашишро нобуд кардаанд. Нирӯҳои Амрико мегӯянд, ин корхонаи тавлиди маводи мухаддир дар улусволии Спинбулдаки вилояти Қандаҳор, дар наздикии марз бо Покистон, кашф шудааст. Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюн, маводи аслӣ барои тавлиди ҳероин, маҳсуб мешавад. Аммо дар Афғонистон кӯкнор, ки ҳашиш ва банг аз он ба даст меояд, низ ба таври фаровон парвариш мешавад.
XS
SM
MD
LG