Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Усмонов раиси ТВ "Ҷаҳоннамо" таъйин шуд


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Абдулмаҷид Усмонов, собиқ муовини раиси телевизиони “Сафина”, раҳбари телевизиони тозабунёди “Ҷаҳоннамо” ва Сӯҳроб Рафиев, сардабири пешини идораи “Ахбор”-и шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, муовини раиси “Ҷаҳоннамо” таъйин шуданд. Ин шабакаи ҷадиди телевизионӣ бо қарори ҳукумат аз 29 октябр таъсис ёфта, интизор меравад, аз рӯзи 5 ноябр ба пахши барномаҳояш шурӯъ кунад. “Ҷаҳоннамо” шабакаи иттилоотӣ буда, қарор аст, 24 соат дар шабонарӯз барнома нашр кунад.
XS
SM
MD
LG