Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯъиқасд ба ҷони муовини вазири нафти Ироқ


Муовини вазири нафти Ироқ имрӯз бар асари таркиши бамб дар назди манзилаш маҷрӯҳ шуд. Яке аз муҳофизони Соҳиб Салмони Қутб дар ин ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардоштааст. Ин дар ҳолест, ки имрӯз инфиҷори ду бомб дар маркази Бағдод 6 кушта ва ҳудуди 20 захмӣ барҷой гузошт. Ҳарду бомб дар ҳошияи истгоҳи пулис дар як маҳалли пуриздиҳом мунфаҷир шуда, дасти кам 10 тан аз маҷрӯҳон маъмурони пулис будаанд. Мизони хушунатҳо дар Ироқ тайи моҳҳои охир хеле фурӯ нишастааст, вале ҳамлаҳои нисбатан камтар дар он кишвар ҳамчунон мушоҳида мешаванд.
XS
SM
MD
LG