Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми интихобот дар Амрико


Рӯзи сешанбе, 4-ми ноябр амрикоиҳо дар интихоботи умумидавлатӣ ширкат хоҳанд кард, ки баъзеҳо онро муҳимтарин интихобот дар таърихи ИМ хондаанд.

Зимни ин раъйдиҳӣ вакилони Шӯроҳои шаҳрҳо, иёлатҳо ва Конгресси кишвар муайян мегарданд, аммо, дар ҳақиқат, сабқате, ки ҳама натиҷаҳои онро бетоқатона интизоранд, нерӯозмоӣ миёни номзади Ҳизби демократ Барак Обама ва номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ба мақоми раёсатҷумҳур хоҳад буд.


Овоздиҳии муқаддамотӣ дар тӯли чанд рӯз дар аксарияти иёлатҳо ҷараён дорад ва бино бар хабарҳои расмӣ, ширкати интихобкунандагон дар аксари маҳалҳо бесобиқа рекордӣ будааст. Интизор меравад, то замони ба таври расмӣ бозшавии нуқтаҳои овоздиҳӣ, аз се як ҳиссаи шаҳрвандоне, ки ҳаққи интихоб карданро доранд, аллакай овоз медиҳанд.

Номзади Ҳизби демократ Барак Обамаи 47-сола, сенатори иёлати Иллинойс мебошад, ки агар ба ин мақом интихоб шавад, нахустин раисҷумҳури сиёҳпӯсти Амрико хоҳад гашт. Рақибаш аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейни 72-сола аст, ки солҳои тӯлонист, сенатори иёлати Аризона мебошад.


Дар ҳоле ки ИМА ду ҷанг мебарад ва дар коми бузургтарин бӯҳрони иқтисодӣ аз замони бӯҳрони солҳои 30-юми асри 20 “афсурдагии бузург” қарор дорад, баҳои ин интихобот хеле баланд аст. Вақто ки кор ба гузиниши раисҷумҳур меояд, барандаи сабқат на дар асоси шумораи овозҳои мардум, балки дар асоси чанд вакили интихоботӣ ба ҷониби вай овоз хоҳанд дод, муайян мегардад. Ниҳоде, ки вакилони интихоботӣ онро ташкил медиҳанд, Коллеҷи интихоботӣ унвон дорад.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар Вошингтон хонум Ҳизер Маҳер низоми интихоботии Амрикоро чунин шарҳ медиҳад:

“Коллеҷи интихоботӣ аз 538 намояндаи 50 иёлат иборат аст. Теъдоди вакилони ҳар як иёлат ба теъдоди аъзои ин ё он иёлат дар Конгресси кишвар, яъне, дар аксар ба шумораи аҳолии иёлат вобаста аст. Ҳамин тавр, масалан Калифорния, ки иёлати сераҳолитарин мебошад, дар Конгресс 55 намоянда дорад ва теъдоди вакилони интихоботиаш низ 55 аст. Дигар иёлатҳое, ки аз ҳама бештар вакилони интихоботӣ доранд, ин Техас - 34, Ню-Йорк - 31, Флорида - 27 ва Пенсилвания - 21. Иёлати шимолии Аляска, ки аҳолиаш чандон зиёд нест, дар Конгресс ҳамагӣ 3 намоянда дорад ва бад-ин сон ҳамагӣ 3 вакили интихоботӣ.”

Ҳамин тавр, бо баъзе истисноҳо, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ, ки аксарияти овозҳои аҳолии иёлатеро ба даст овард, ҳамаи овозҳои вакилони интихоботии ин иёлатро низ соҳиб мешавад.

Хонум Маҳер:
“Масалан, агар Обама дар иёлати Калифорния ҳамагӣ 51 дар сади орои мардумро касб кунад, ӯ тамоми 55 раъйи вакилони интихоботии Калифорнияро соҳиб мешавад. Барои пирузӣ дар сабқати раёсатҷумҳурӣ ҳар як номзад ҳадди ақал ба 270 раъйи вакилони интихоботӣ ниёз дорад. Ҳамин тавр, ҳадафи маъракаи интихоботӣ на дар кӯшиши ба даст овардани раъйи интихобкунандагони тамоми кишвар, балки дар касби аксарияти оро дар иёлатҳои калидӣ мебошад.”

Номзадҳо метавонанд стротежиҳои мухталифро истифода баранд: баъзеҳо рӯи пирӯзӣ дар теъдоди ночандон зиёди иёлатҳои калидӣ тамаркуз мекунанд, дигарон баръакс кӯшиш мекунанд, ба теъдоди бузурги иёлатҳои хӯрд таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд ва бо пирӯзӣ дар ин иёлатҳои хурд раъйҳои заруриро ҷамъоварӣ намоянд.

Дар поёни маъракаи интихоботӣ маълум мешавад, ки ҳар як иёлати Амрико ба ҷониби кӣ овоз хоҳад дод. Аммо инчунин иёлатҳое боқӣ мемонанд, ки нерӯи номзадҳо дар онҳо баробар тақсим мешаванд. Ин гуна иёлатҳо ба майдонҳои набард мубаддал мегарданд.

Хонум Маҳер:

“Солҳои охир Флорида, Оҳайё, Вирҷиния, Каролинаи Шимолӣ ва Миссурӣ аз назири чунин иёлатҳо буданд. Агар ин иёлатҳо ба демократҳо майл зоҳир кунанд, бидуни шубҳа Обама пирӯз мешавад. Дар акси ҳол, ғалабаи демократҳо шубҳанок ба назар мерасад. Низоми Коллеҷи интихоботӣ чунин аст, ки ҳатто агар номзад аксарияти орои аҳолии кишварро касб карда бошад ҳам, ӯ метавонад шикаст хӯрад. Соли 2000 ҳамин тавр ҳам шуд. Номзади демократҳо Ал Гор дар муқоиса ба рақиби ҷумҳурихоҳаш Ҷорҷ Буш 543 ҳазор бештар орои аҳолии кишварро ба даст овард, аммо Буш 271 орои вакилони интихоботиро касб намуда, пирӯз гашт.”

Мунаққидони ин низом борҳо кӯшиш карданд, тарзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳуриро ба раъйдиҳии мустақим иваз кунанд, аммо ноком шудаанд. Онҳо мегӯянд, ин низом ғайридемократист ва ба баъзе иёлатҳо дар муқоиса ба дигарон дар мавриди интихоботи раисҷумҳур авлавият мебахшад. Ҷонибдорони Коллеҷи интихоботӣ баръакс бар ин назаранд, ки ин низом аҳаммияти иёлатҳои хурдро дар маъракаи интихоботӣ афзоиш медиҳад ва номзадҳо водоранд ба чунин иёлатҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунанд.

Чаҳоруми ноябр ҳамзамон бо интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар саросари ИМА интихобот ба Конгресси кишвар низ баргузор мешавад. Ҳоло дар конгресс, ки 435 вакил дорад, демократҳо бо 235 намояндаи худ бартарӣ доранд. Ҷумҳурихоҳон дар конгресс 199 курсиро ишғол мекунанд.

Чаҳоруми ноябр 35 вакил ба сенати кишвар низ интихоб мегарданд, ки сенатро низ демократҳо идора мекунанд.

XS
SM
MD
LG