Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Исроил ба худсарии муҳоҷирон


Ҳукумати Исроил қарор кард, пуштибонияшро аз шаҳраксозии беиҷозаи муҳоҷирони яҳудӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун қатъ кунад. Тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки ҳамлаи муҳоҷирони худсар ба нерӯҳои амниятии Исроил рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Қарори ҳукумат ба 100 иншооти нав дахл мекунад, ки ғайриқонунӣ шумурда шудаанд, аммо 120 иншооти дигар бо иҷозаи расмӣ сохта шудаанд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамаи шаҳракҳои яҳудинишинро дар Каронаи бохтарӣ ғайриқонунӣ мушумурад.
XS
SM
MD
LG