Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахмина аз зиндон ба шифохонаи шаҳрӣ интиқол ёфт


Ҳуқуқшиноси собиқи ширкати "ЮКОС" Светлана Бахмина аз касалхонаи зиндон ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол дода шудааст ва вазъи сиҳҳатиаш мӯътадил арзёбӣ мешавад. Интерфакс менависад, ки дар ин бора аз манбаъҳои наздик ба мақомоти тиббии ҷумҳурии Мордовия хабар ёфтааст. Бахмина дар яке аз зиндонҳои маҳаллӣ бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти иқтисодӣ ба сар мебарад. Интиқолёбии вайро ба шифохонаи шаҳрӣ бо наздик омадани мӯҳлати таваллуди вай ва зарураташ барои анҷоми санҷишҳои амиқтари тиббӣ марбут медонанд.

XS
SM
MD
LG