Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ дар Минск хайма задааст


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ вориди Минск, пойтахти Беларус шуд, то ки фардо, душанбе бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Александр Лукашенка мулоқоте анҷом диҳад. Ҳамонтавре, ки таи се рӯзи гузашта Қаззофӣ дар хаймае дар боғи Кремлин ба сар бурдааст, дар Минск ҳам вай дар қароргоҳи раёсатҷумҳурии "Заславл" чодар гузоштааст. Бо Русия раҳбари Либия масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро дар бахши энержӣ ва низомиву фаннӣ баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG