Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқномаи Русия ва Либия дар бахши ҳастаӣ


Сарвазири Русия Владимир Путин ва раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар Маскав
Сарвазири Русия Владимир Путин ва раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар Маскав

Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ҳини дидор бо мақомоти Русия дар Маскав тавофуқнома дар бахши энержии ҳастаӣ имзо кардааст.

Дар ин бора вазири берунаи Либия Абдураҳмон Шулхам иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, «ин тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахши энержии ҳастаии сулҳомез, ба хусус тарроҳӣ ва сохти реакторҳои ҳастаӣ ва таъмини сӯзишвории онҳо мебошад».

Ҳамзамон мақомоти Русия имзои чунин як тавофуқнома бо раҳбари Либияро таъйид накардаанд.

Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дирӯз барои мулоқот бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев ва дигар намояндагони олирутбаи ин кишвар вориди Маскав шуд. Гуфтугӯи ӯ бо Дмитрий Медведев бештар болои масоили энержӣ буд.

XS
SM
MD
LG