Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносиботи Афғонистону Покистон беҳбуд меёбад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳошияи маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Истанбули Туркия бо Юсаф Разо Гилонӣ-нахуствазири Покистон дидор ва гуфтугу кард. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм, беҳбуди ҳусни тафоҳум ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд. Солҳои ахир муносиботи Афғонистону Покистон мутташанниҷ шуда буд ва мақомоти Афғонистон Покистонро муттаҳам мекарданд, ки барои мубориза бо терроризми фаромарзӣ тадобири зарурӣ намеандешад. Аммо баъд аз интихоботи ахири Покистон ва ба қудрат расидани Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури кунунӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ муносиботи ин ду кишвар беҳбуд ёфт.

XS
SM
MD
LG