Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурсати музокироти паймони амниятӣ аз даст меравад


Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, имкони музокироти дигарбораи бандҳои қарордоди амниятии Амрикову Ироқ босуръат аз даст меравад. Роберт Вуд, як сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, гуфт, дари панҷара барои музокироти ин масъала дар ҳоли бошаст баста шудан аст. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш изҳори итминон карда буд, ки ин паймон дар ниҳоят тасвиб хоҳад шуд. Ҳарчанд Ҷорҷ Буш хостори музокироти ҳаддалимкон сӯдманди бандҳои баҳсбарагези қарордод шуд, ба назар мерасид, ки ҷониби Амрико ҷиҳати музокираи дубораи тарҳи алакай ҳамоҳангшудаи ин паймон рағбати чандоне надорад. Ин паймони амниятӣ бояд ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқро то поёни соли 2011 тамдид мекард, вале тарҳи ҳамоҳангшудааш ба мухолифати як идда аз раҳбарони сиёсии Ироқ рӯбарӯ шуд.
XS
SM
MD
LG