Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии раванди иҷрои қонуни афви молу мулк


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон ҷараёни иҷрои қонуни афви молу мулк баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, то кунун тибқи ин қонуни афв ба мақомот наздики 15 000 нафар муроҷиат карда, мақомот дархости беш аз 6 000 нафарро баррасӣ карда, молу мулки шаҳрвандон ба маблағи умумии 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 650 миллион доллар, қонунӣ гардонда шудааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат бо ишора ба ин нукта, ки то поёни фаъолияти қонуни афви молу мулк 2 моҳи дигар боқӣ мемонад, хостори истифодаи фаъолонатари мардум аз ин имконият шуд.
XS
SM
MD
LG