Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти толибҳо дар бораи ҳамлаи худкушона дар Кобул


Мақомоти Афғонистон мегӯянд бар асари таркиш дар баробари як вазоратхонаи Афғонистон то 5 нафар кушта ва чандин тан захмӣ гаштаанд. Ба қавли сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Земарай Башарӣ, шахсе бо камарбанди маводи мунфаҷира ба Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон даромад ва худро тарконд. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифта, гуфтааст, се размандаи он дар ҳоле ба бино ворид шудаанд, ки мақомоти вазорат бо "мушвоирони хориҷии худ" вохӯрӣ доштанд. Сухангӯи Толибон гуфт, яке аз ҳамлаварон тавонист, камарбанди худро мунфаҷир кунад ва ду тани дигар пас аз даргирӣ бо посбонон маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG