Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 соли зиндон барои оташ задани муҳоҷири тоҷик


Додгоҳи минтақаи Тюмени Русия Юрий Вергунов, як соҳибкори маҳаллиро дар қатли раҳбари як гурӯҳи мардикорони тоҷик муҷрим шинохта, ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии вилояти Тюмен мегӯяд, ин соҳибкор як гурӯҳи мардикоронро барои бунёди манзили дуқабатааш киро карда, пеш аз рафтан ба рухсатӣ ба мардикорон 600 000 рубли русӣ медиҳад. Вале раҳбари гурӯҳ, ки низ шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ин пулро дар қимор мебозад ва дар натиҷа, мардикорон бидуни маводи сохтмон монда, фирор мекунанд. Юрий Вергунов баъд аз бозгашт раҳбари мардикоронро дастгир карда, дар ҷангал зинда ба зинда оташ мезанад. Бо ҳукми додгоҳ, Вергунов муваззаф шудааст, ба ҳамсари мардикори кушташуда ба маблағи 400 000 рубли русӣ, муодили тақрибан 15 000 доллар,и ҷуброн низ пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG