Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Нелсон Мандела»-и Молдив


Раисиҷумҳури Молдив Маймон Абдул Қаюм баъди эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ бохти худро эътироф кард.

Ба иттилоъи ниҳоди интихоботии Молдив, аз Муҳаммад Ношид, сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, 54 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд, дар ҳоле ки раисиҷумҳур фақат ба дарёфти 46 дарсади раъйҳо муваффақ шудааст.

Баъд аз пахши ин хабар ҳазорон ҷонибдорони Муҳаммад Ношид ба хиёбонҳо рехтанд, то пирӯзии номзади худро таҷлил кунанд. Маймон Абдул Қаюм, ки тайи 30 соли ахир раҳбарии Молдив – ин кишвари асосан суннинишин воқеъ дар уқёнуси Ҳиндро бар ӯҳда дошт, аз ин пеш ягон бор дар интихоботи алтернативӣ ширкат накарда буд - дар шаш интихоботи қаблӣ, ки ӯ пирӯзӣ ба даст оварда буд, иштироки номзадҳои мухолифин мамнӯъ буд.

Абдул Қаюм дар изҳороти худ тавассути радио изҳор намуд, ки натоиҷи интихоботро қабул дорад. Ӯ аз демократияи нав дар кишвар ҳарф зад ва гуфт, ки аз Муҳаммад Ношид ва ҳизбаш пуштибонӣ мекунад. Раисиҷумҳур афзуд, ки интиқоли қудрат дар Молдив аз роҳи осоишта сурат мегирад.

Рақибони сиёсии Маймон Абдул Қаюм ӯро чун мустабиде муаррифӣ мекунанд, ки тайи сӣ сол ба кишвар ҳамчун султон сарварӣ мекард. Онҳо мегӯянд, кайҳо вақти он расидааст, ки Абдул Қаюм назорати Молдив, кишвари иборат аз 1200 ҷазираро ба фарди дигар вогузорад.

Ва аммо гуфта мешавад, замони раҳбарии Маймон Абдул Қаюм Молдив аз як кишвари фақири бидуни роҳу биноҳои замонавӣ ба маркази ҷаҳонгардии минтақа табдил шуд ва ҳамасола аз туризм миллиардҳо доллар фойида мегирад. Ҷонибдорони Абдул Қаюм мегӯянд, ки дар ин солҳо сатҳи зиндагии мардуми галаҷазираҳоро ба карат боло рафт.

Воқеъан ҳам Молдив бо тақрибан 370 ҳазор аҳолӣ аз рӯи даромади холиси ҳар фард аз бойтарин кишварҳои мусалмоннишини Осиё маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол Мария Дидӣ, раиси ҳизби демократии Молдив – ҳизби мухолифи ҳукумат мегӯяд, ки бештари мардум аз фойидаи бузург аз ҷаҳонгардӣ бебаҳра мондаанд"

"Бахши аъзами фойида аз туризм аз кишвар берун бурда шудааст. Ягон системи пардохти андоз мавҷуд нест ва ягон василае мавҷуд нест, ки мо фойида аз фароғатгоҳҳоро ҳифз кунем, зеро, бубинед, теъдоди бузурги аҳолӣ муҳоҷиронеанд, ки дар дар Молдив кор мекунанд. Аз ин рӯ, маблағ аз кишвар берун меравад".

Муҳаммад Ношиди 41 сола, ки ӯро “Нелсон Манделаи Молдив” ҳам мехонанд, замони қудрати Маймон Абдул Қаюм барои фаъолияти сиёсӣ маҳкум ба зиндон шуда буд. Баъди раҳоӣ аз маҳбас ӯ ба Бритониё рафт ва соли 2004 дар ин кишвар ӯ мақоми паноҳандаи сиёсиро дарёфт.

Раисиҷумҳури Молдив Маймон Абдул Қаюм баъди тазоҳуроти бардавом дар соли 2003 зери фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ даст ба ислоҳоти демократӣ зад. Ӯ ба аҳзоби мухолиф иҷозаи фаъолият дод, аз Қонуни асосии нав пуштибонӣ кард ва ба доир кардани интихоботи раёсати ҷумҳур бо ширкати ҳама аҳзоби сиёсӣ розӣ шуд. Баъди иҷозаи фаъолият пайдо кардани аҳзоби мухолиф Муҳаммад Ношид аз Бритониё ба Молдив баргашт ва ба ҳизби демократ пайваст. Ва акнун рушди демократия дар ин кишвари воқеъ дар ҷануби Ҳиндустон бар дӯши ӯ гузошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG