Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 миллиард$ кӯмаки ҷаҳон ба Маҷористон


Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ ва ИА дар мавриди ироаи 25,1 миллиард доллар кӯмак ба Маҷористон, ё худ Венгрия, тавофуқ кардаанд. Ҳадаф аз ин ёрии бузург мусоидат ба рафъи асароти бӯҳрони молӣ дар Маҷористон аст. 15,7 миллиард доллар аз ин маблағро Сандуқи пул ва 8,1 миллиардашро ИА ихтисос медиҳанд. Бонки ҷаҳонӣ дар амри наҷоти низоми молии ин кишвари аврупоӣ бо иттихози 1,3 миллиард доллар саҳм хоҳад гирифт. Сандуқи байналмилалии пул дар ҳафтаи гузашта ҷиҳати ироаи 16 миллиард доллар барои наҷоти низоми бонкии Украина низ ризоият дода буд.
XS
SM
MD
LG