Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби амрикоӣ дар Димишқ баста шуд


Мақомоти Сурия дар мавриди бастани Маркази фарҳангии ИМА ва мактаби амрикоӣ дар Димишқ тасмим гирифтанд. Сурия Амрикоро дар таҷовуз муттаҳам мекунад – рӯзи якшанбе нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ба қаламрави Сурия ворид шуда амалиёти низомӣ доир карданд, ки бар асари он 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории давлатии САНА иттилоъ дод, ки дар робита ба ин ҳодиса Димишқ ба Дабири Кулли СММ Пан Ки Мун эътирози расмӣ ирсол кардааст. Қаблан як мақоми Пентагон бидуни ифшои ному насабаш гуфта буд, ки ҳадаф аз амалиёт дар Сурия аз байн бурдани мусаллаҳони “Ал-Қоида” буд.
XS
SM
MD
LG