Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷиргаи хурд" хостори музокирот бо Толибон шуд


Мақомоти Покистон ва Афғонистон имрӯз дар бораи гуфтушунид бо раҳбарони ҷунбиши "Толибон" тасмим гирифтанд. Дар як эъломия, ки имрӯз дар поёни “ҷиргаи хурд” дар Исломобод пазируфта шуд, омадааст, аз ин баъд "дарҳо барои гуфтушунид бозанд". Дар ин нишаст барои ҷустуҷӯи тамос бо раҳбарони "Толибон" чанд гурӯҳ таъсис шуд. Абдулло Абдулло, собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон гуфт, ки ин гурӯҳҳо баъд аз ду моҳ аз натиҷаи кори худ иттилоъ хоҳанд дод.

Дар нишасти “ҷиргаи хурд” дар пойтахти Покистон, ки ду рӯз идома кард, масоили марбут ба пайдо кардани роҳҳои хатми хушунат дар манотиқи марзии ду кишвар ва имкони музокирот бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” баррасӣ шуданд. Нишасти Исломобод – идомаи “Ҷиргаи бузурги сулҳ” буд, ки соли гузашта дар Кобул доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG