Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти пурсарусадои муовини фармондеҳи Басиҷ


Ҳусейни Ҳамадонӣ, муовини фармондеҳи нирӯҳои шибҳанизомии Басиҷ, як ниҳоди қудратманди низомӣ дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, Эрон лашкарҳои озодихоҳи Ховари Миёнаро мусаллаҳ мекунад. Ин изҳороти Ҳамадонӣ дар сомонаи расмии интернетии нирӯҳои Басиҷ нашр шуда, барои нахустин бор аст, ки як мақоми аршади Эрон аз ҷониби ин кишвар таъмини силоҳ шудани ҷунбишҳои мухталифи тундравро эътироф мекунад.

Ҳамадонӣ нагуфтааст, ки зери мафҳуми “лашкарҳои озодихоҳ” киро дар назар дорад. Аммо Эрон дар гузашта ин таъбирро дар қиболи гурӯҳҳои тундрави фаластинии Ҳамосу Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон истифода мебурд.


XS
SM
MD
LG