Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" реҷаи барқро 2 соат зиёд мекунад


Шарифхон Самиев, раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дирӯз дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе эълон кард, ки аз моҳи ноябр, бо муҷарради шурӯъи воридоти нирӯи барқ аз Туркманистон маҳдудияти мавҷуда дар роҳи тавзеъи нирӯи барқ ба аҳолӣ коҳиш дода хоҳад шуд. Оқои Самиев гуфт, ба 8 соат дар шабонарӯз расондани реҷаи тавзеъи нирӯи барқ ба мардум дар назар гирифта шудааст. Раҳбари ширкати “Барқи Тоҷик” ҳамчунин хабар дод, ки чархаи севвуми нирӯгоҳи аввали Сангтӯда дар ҳафтаи нахустини моҳи ноябр ба кор андохта хоҳад шуд ва ҳамаро итминони хотир дод, ки мавриди баҳрабардории бештар қарор гирифтани ин нирӯгоҳ низ ба вазъи интиқоли нирӯи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳо таъсири мусбат хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG