Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, сарони ду кишвари ҳамсоя ба натиҷае расидаанд, ҳоло фурсати дурусти ҳалли мушкилҳоест, ки ду кишварро бо ноамнӣ ва хунрезиҳо гирифтор кардаанд. Афросиёби Хаттак, сиёсатмадори собиқадори миллатгарои паштун ва фиристодаи сулҳи ҳукумат ба манотиқи ноороми қабиланишин мегӯяд, дигар аз иродаи сиёсии Кобулу Исломобод бастагӣ хоҳад дошт, ки ба хушунат дар минтақа ғотима гузоранд ва ин ирода ҷиргаи хурдро бузуркор хоҳад кард.
Ин нишаст нишонаи як тағйире дар ҳафт соли охир аст, вақте вазъи ҳарбӣ дар майдони ҷанг таҳаввулоти сиёсиро муайян мекунад. Таҳлилгарон бар инанд, ки саҳнаи ҷанг дар Покистон ва Афғонистон густариш ёфта, ҳарчи бештар ба як саҳнаи ягона табдил меёбад. Аз сӯи дигар, таҳдиди он ба Покистон низ бештар мешавад. Дар гузашта Кобул Исломободро айбдор мекард, ки бар зидди ситезаҷӯён ба андозаи кофӣ амал намекунад, то аз ҳамлаи онҳо ба Афғонистон пешгирӣ кунад. Вазири умури хориҷии Покистон, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар сарсухани анҷуман паёми онро рӯшан кард. Қурайшӣ мегӯяд, барномаи ҷаласа кӯтоҳ, аммо чашмандозаш васеъ аст. Дарки ин то рафт бештар мешавад, ки танҳо истифодаи нерӯ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Комёбии дарозмуддат ба гуфтугӯ ва оштӣ ҳамчун бахши умдаи амали мо бастагӣ дорад.
Вазири пешини умури хориҷии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ба ҳайати расмии кишвараш сарварӣ мекард, ҳарду кишвар ва ҳарду мардум роҳе ба ҷуз ин надоранд, ки бародарвор бо мадади ҳамдигар ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба манофеъи муштараки худ ва манофеъи муштараки мардум бирасанд.
Бо вуҷуди чунин ҳамфикрию ҳамзабонӣ ду кишвар аз таҳияи чаҳорчӯб ё роҳнамои расидан ба мақсади муштарак хеле дуранд. Толибон ва дигар ҷиноҳҳои мусаллаҳ, ки дар нооромиҳои ҳарду кишвар даст доранд, аз ҷаласа канор гирифтаанд.
Инро ҳам бояд афзуд, ки намояндагони Толибон ба гуфтушунид бо Кобул мухолиф нестанд, аммо пешшарти онҳо барои Кобул сангин аст. Онҳо мегӯянд, замоне бо Кобул гуфтушунид хоҳанд кард, ки нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд. Ба ақидаи шореҳон, гумон аст ҷаласаи Исломобод дар кӯтоҳмуддат натиҷаҳои муассир бидиҳад, аммо ҳамчун оғози як роҳи тӯлонӣ муҳим мебошад.
Ин дуругросткуни дигараш боз пайдо шуд. У сарбоз набуд, у афсар буд гуфта гаштаи ту. На сарбозу на афсар буд...
Э хайрият, ки гуфти. Акнун фахмидем, ки вай афсар бурдааст. Кариб буд, ки мо унвони кахрамониро ба сарбоз медодем.
Кори дуруст кардед хоҳарҷон ба як порча хоки ватан ягон чиз намеарзад ,ба модар хизмат кардан ин алакай аҷри бузург .Мо дар яке аз давлатҳо зиндаги дорем ,ки ягон камбуди надорем локин ҳар руз ватанро ёд мекунем ,ҳар руз дуо мекунем ,ки тез барои якта хона кор кунему ба ватан бозгардем ,ҳаммаи бародаронро гуфтаниям ,ки бозгарданд ҳаммаш хуб мешавад .Озоди озод бошед .
Аз Убайди Зокони: «Рубохеро пурсиданд,ки дар гурехтан аз саг чанд хилла дори? Гуфт: - аз сад зиед бошад, аммо бехтараш ру ба ру нашави «
Он нафаре ки ба ахолии Ишкобод барои телефон мурочиат кард у сарбоз набуд. У афсари дидбонгохи сархади буд. У танхо барои марказ хабар додан омада буд на ба раиси махаллаи туву раиси чамоати ту.