Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи навбатӣ ба хеши Мурод Зязиков


Дар шаҳри Назран – пойтахти Ингушистон мошини хеши баландмақоми раисҷумҳури ин ҷумҳурӣ тарконида шуд.

Арсамак Зязиков муовини взаири молияи Ингушистон буда, ба раисҷумҳури ин ҷумҳурии Федеросюни Русия хеш мешавад.

Дар натиҷаи ин таркиш ӯ ва ёвари раисҷумҳур ҷароҳат бардошта ва ба бемористон бурда шудаанд. Мақомот гуфтаанд, ҳар ин ду ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд ва аллакай аз бемористон ҷавоб дода шуданд.

Ҳамин гуна, ин чаҳорумин ҳамлаи мусаллаҳона ба Мурод Зязиков, раисҷумҳури Ингушистон ва ақрабои ӯ дар ду моҳи ахир мебошад. Рӯзи 11 сентябр ҳатто хонаи Мурод Зязиков ва ақрабои ӯ аз пулемёт ва гранатамёт тирборон шуда буд. Як рӯзи қабл аз ин ҳодиса бошад, дар рӯзи зодрӯзи раисҷумҳури Ингушистон бародарзодааш кушта шуда буд.

Ҳодисаҳои ҳамла ба Мурод Зязиков ва ақрабои ӯ дар Ингушистон пас аз куштани мухолифи ҳукумати ӯ ва раҳбари сомонаи "Ингушетия.ru" Магомед Евлоев сар задаанд.

XS
SM
MD
LG