Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сурия "таҷовуз"-и нирӯҳои Амрикоро маҳкум кард

Сурия “таҷовуз”-и, ба гуфтааш, нирӯҳои Амрикоро, ки мегӯяд, мунҷар ба ҳалокати 8 ғайринизомӣ дар наздикии марзи Сурия бо Ироқ шуд, маҳкум кард.

Вазорати хориҷаи Сурия кордорҳои дипломатии Амрикову Ироқ дар Димишқро ба хотири изҳори эътироз ба ҳузур хондааст.

Ҷониби Амрико то ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардааст. Хабаргузории давлатии Сурия, САНО, мегӯяд, 4 чархболи амрикоӣ болои як сохтмони нотамоми ғайринизомӣ дар минтақаи марзии Абӯкамол, дар шарқи Сурия, оташ кушодаанд. Изҳороти давлати Сурия нирӯҳои Амрикоро масъули ин амали, ба гуфтаи Димишқ, “таҷовуз” меномад. Дар ин изҳорот ҳамчунин аз давлати Ироқ даъват шудааст, аз истифодаи қаламраваш барои таҷовуз алайҳи Сурия ҷилавгирӣ кунад.


Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мӯҳлати эмкунии "Модерна" маълум шуд

Тоҷикистон аз ИМА 1,5 миллион дона вояи воксинаи "Модерна" дарёфт кард

Аз имрӯз дар Тоҷикистон эмгузаронии саросарии сокинони аз 18-сола боло бо ваксаинаи амрикоии "Модерна" шурӯъ мешавад. Вазорати тандурустӣ ба пойгоҳи Your. Tj гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд барои моякубӣ бар зиддӣ бемории Ковид-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Тоҷикистон аз Амрико рӯзи 26-уми июл дар доираи кӯмаки башардӯстона 1,5 млн дона воя ваксинаи "Модерна" дарёфт кард, ки барои 13 фойизи аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин қарор аст, имрӯз 2 миллион ваксинаи чинии "Коронавак" низ ба Тоҷикистон ворид гардад.

Ҷудочии эронӣ барои Муғулистон медали олимпӣ овард

Саид Муллоӣ, шаҳрванди Муғулистон - барандаи нишони нуқраи бозиҳои Олимпии Токио

Саид Муллоии эрониасл, ки дар бозиҳои Олимпии Токио аз Муғулистон намояндагӣ мекунад, барои ин кишвар медали нуқра овард. Муллоӣ 29 сол дорад ва дар рақобати рӯзи 27 июл дар миёни мардони гурӯҳи 81-килоӣ аз намояндаи Ҷопон Таканори Нагасе мағлуб шуд. Муллоӣ соли 2018 унвони қаҳрамони ҷаҳонро бурд ва ду сол пеш Эронро тарк кард. Сабаби чунин қарори ӯ ин шуд, ки ба ӯ амр доданд дар Ҷоми ҷаҳонии ҷудо ба хотири фирор аз рақобат бо варзишгари исроилӣ Саги Муки махсус аз ӯ мағлуб шавад. Дар натиҷаи ин қарор, Эрон аз ширкат дар бозиҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо маҳрум гардид. Ин қарор соли ҷорӣ аз ҷониби Додгоҳи ҳакамии варзиш бекор шуд. Эрон дар симои Исроил душманро мебинад ва маъмулан варзишгаронаш аз рақобат бо исроилиҳо худдорӣ мекунанд, ҳатто агар натиҷаи он бо мағлубияти Эрон анҷомад. Муллоӣ, ки аз сиёсати варзиши кишвараш норозӣ буд, баъди тарки он ба тими муҳоҷирон пайваст ва баъдан шаҳрвандии Муғулистонро дарёфт кард. Феврали соли 2021 ӯ дар Исроил рақобат кард ва бо Муки мулоқоте кард. Муки ӯро “бародари” худ номид.

Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ба 1,1 млрд сомонӣ расидааст

Неругоҳи "Сангтӯда-1"

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" дар ним соли ҷорӣ 279 миллион сомонӣ бештар шудааст. Маъмурияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" рӯзи 27-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, ширкати "Барқи тоҷик" ҳамагӣ 33 дарсади пули барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳро пардохт мекунад. Аз ин рӯ, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ним соли равон боз ҳам 297 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 89 миллион сомонӣ расидааст.

Тавре аз ҷадвали нашркардаи маъмурият бармеояд, нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бо камтар аз нисф ва ё 42,2 дарсади иқтидораш кор мекунад. Нисфи зиёде аз тавоноии ин нерӯгоҳ истифода намешавад, дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ ҳатто дар тобистон ранҷ мебаранд. Ҳафтае қабл сокинони ноҳияҳои Суғди Тоҷикистон қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон шикоят карда буданд.

Сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” соли 2006 бо сармоягузории Русия оғоз ёфта, соли 2009 ба анҷом расид. Қудрати нерӯгоҳ 670 мегават дар як солро ташкил медиҳад. Айни замон тақрибан 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар дасти ширкатҳои давлатии Русия -- "Росатом" ва "Интер РАО ЕЭС" ва 25 дарсади дигар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дорад.

СБП аз пешрафти иқтисод ва тафовути кишварҳои дорову нодор дар баробари воксина гуфт

Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи кишварҳои нодор шомил мешавад, аксар бахши воксинаҳоро тавассути ёриҳои башардӯстонаи СММ ва ҳам кишварҳои мисли ИМА ва Чин дарёфт кардааст

Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар як пешбиниаш барои соли 2022 гуфтааст, иқтисоди ҷаҳонро соли оянда пешрафт интизор аст, вале айни замон, тафовути амиқ дар заминаи дастрасӣ ба воксинаи зидди COVID дар кишварҳои дорову нодор то рафт боло меравад. СБП дар гузорише, ки рӯзи 27 июл бар асоси навсозии гузориши моҳи апрели имсолааш нашр кард, мегӯяд, “дастрасии кишварҳо ба воксина ба як хати калидии ихтилофу тафовути байни кишварҳо табдил мешавад”, ки, ба қавли ин ниҳод, ба барқарории иқтисоди ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳад шуд. СБП мегӯяд, ки ду қисм шудани кишварҳо ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки дар кишварҳои қисми аввал – давлатҳои пешрафтаву доро - аллакай то поёни соли ҷорӣ вазъи иқтисод оддӣ хоҳад шуд ва кишварҳои гурӯҳи дуюм, ки нодор ва дар ҳоли рушд ҳастанд, ҳамоно бо паҳншавии сироят ва афзоиши ҳолатҳои марг бар асари COVID дастбагиребон хоҳанд буд.

Вале бо ин вуҷуд, ба қавли СБП, ҳатто барои кишварҳои пешрафта ҳам пурра раҳо шудан аз хатари сироят замонат дода намешавад, чунки он пайваста дар ҳоли ҳаракат аст. Иқтисоддони калони СБП Гита Гопинатх гуфт, “то замоне, ки ба пандемия пирӯз нашаванд, раҳоӣ аз он кафолат дода намешавад”.

Оҷонсӣ: Се корманди ширкати "Баракат"-и Парда Алимардонов ба хориҷ фирор кардаанд

Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки се корманди гуруҳи ширкатҳои "Баракат", вобаста ба Парда Алимардонов -- бародари Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини "Агроинвестбонк", аз кишвар фирор кардаанд. Онҳо дар тасарруфи даҳҳо миллион сомонӣ муттаҳам мешаванд.

Фахриддин Акрамзода, як масъули Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ аз ин се нафар ном набурд, аммо гуфт, ки онҳо дар тасарруфи 52 миллион сомонӣ маблағҳои кредитӣ даст доранд. Ба қавли оқои Акрамзода, дар ҳоли ҳозир дар нисбати онҳо парванда боз шуда, дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ӯ гуфт, ки бар асоси маълумоти онҳо, ин се нафар дар Русия қарор доранд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамзамон гуфт, ки моҳи марти имсол Парда Алимардонов бо барқарор намудани 105 миллион сомонӣ, афв ва аз боздошт озод шуд.

Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буданд, ки ӯ 90 миллион сомонӣ қарзи гирифтаашро аз "Агроинвестбонк" "ғайримақсаднок" истифода кардааст. Парда Алимардонов ва наздиконаш ҳангоми дар боздошт будани ӯ ва ҳам баъди раҳоияш дар бораи иттиҳоми воридшуда то кунун ба матбуот изҳори назар накарданд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар баҳори имсол гуфтанд, ки Парда Алимардонов "кредит"-и бонкро баргардонд ва, бино бар ин, парвандаи ӯ баста шуда, аз боздошт раҳо гардид.

Парда Алимардонов раиси корпоратсияи "Баракат" мебошад. Ин ширкат солҳо боз дар шаҳри Ҳисор дар бахши кишоварзию чорводорӣ фаъолият мебарад.

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 худи Муродалӣ Алимардон, раиси "Агроинвестбонк"-ро ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Муродалӣ Алимардон дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ дар моҳи майи имсол аз раҳбарии "Агроинвестбонк" барканор шуд.

"Агроинвестбонк" тақрибан 6 сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад. Мақомоти ин бонк дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад. Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт.

Нигарониҳо аз паҳншавии "Делта" боиси маҳдудиятҳои нав мешавад

Ба иттилои мутахассисони тиб, навъи "Делта"-и коронавирус босуръат сироят мекунад

Президент Ҷо Байден ва маъмурияти он дар андешаи ҷорӣ кардани муқаррароти ҳатмии эмкунӣ бар зидди COVID-19 барои кормандони сохторҳои федеролии ИМА мебошанд, дар ҳоле, ки Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои ин кишвар машварат додааст, ки амрикоиҳои эмшуда дар бархе маконҳои ҷамъиятӣ дубора пӯшидани ниқобҳои тиббиро риоя кунанд. Ҳанӯз моҳи май ин ниҳод иҷоза дода буд, ки нафарони эмшуда метавонанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни ниқоби тиббӣ бигарданд.

Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки нигарониҳо аз паҳншавии навъи босуръат сирояткунандаи “Делта”-и коронавирус бештар мешавад. Дар миёни кишварҳое, ки ба тақвияти маҳдудиятҳои иҷтимоӣ рӯ овардаанд, Тайланд, Индонезия ва Кореяи Ҷанубӣ ёд мешаванд. Дар Сиднеи Австралия ҳам барои чор ҳафтаи дигар маҳдудиятҳои шадид тамдид шуд.

Нигарониҳо аз пандемия дар ҷараёни бозиҳои олимпии шаҳри Токио ҳам зиёд аст. Дар худи Ҷопон 2848 ҳолати рекордии гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд ва рӯзи 28 июл Кумитаи олимпӣ аз 16 ҳолати ба COVID-19 гирифтор шудани нафарони вобаста ба бозиҳои олимпӣ хабар дод. Дар маҷмӯъ дар деҳаи олимпӣ 169 ҳолати гирифторӣ ба вирус ба қайд гирифта шудааст.

Байден гуфт, ҳамлаҳои рахнагарон метавонад ба "ҷанги воқеӣ" бибарад

Президенти ИМА Ҷо Байден

Президент Ҷо Байден зимни изҳори назар дар мавзӯи ин ки Русияву Чин ба амнияти миллии ИМА таҳдид мекунанд, ҳушдор дод, ки ҳамлаҳои рахнагарӣ ба ИМА метавонад боиси сар задани “ҷанги воқеӣ” гардад. Байден, ки рӯзи 27-ми июл дар назди сохторҳои иктишофии кишвар суханронӣ мекард, тахмин зад, ки “агар кор то ба ҷанг бирасад – ба ҷанги воқеӣ бо қудратҳои азим, ин як паёмади ҳамлаҳои рахнагарӣ мешавад”. Байден ба ҳамлаҳои афзояндаи ҳакерӣ ишора кард, ки моҳҳои охир алайҳи сохторҳои давлативу ширкатҳои саноатии ИМА равона шуда, мақомоти ин кишвар инро кори дасти Русия ва Чин меноманд.

Дар давоми шаш моҳи раҳбарии Байден мавзӯи ҳамлаҳои рахнагарон ба як масъалаи ҷиддие барои маъмурияти президент табдил шудааст.

Дар ҷараёни мулоқоти президентони ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин дар Женева ду раҳбар масъалаи аз ҳамлаҳои рахнагарӣ дур нигаҳ доштани зербунёдҳои калидии мисли соҳаҳои обу энержиро баррасӣ карданд.

Беларус TV Belsat-ро “тундгаро” номид

Ҳайати корманди Belsat TV

Додгоҳе дар Беларус телевизиони Belsat-ро, ки бо сармоягузории Полша кор мекард, “тундгаро” номид. Бастани дафтари ин телевизион дар Беларус як тадбири дигари мақомот дар амри саркӯби матбуоти озод ва ҷомеаи маданӣ мебошад. Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи 27 июл гуфт, ки ба ҳар нафаре, ки хабарҳои Belsat-ро паҳн мекунад, ҷарима ваё ҳукми ҳабс таҳдид мекунад. Ин телевизион яке аз маъруфтарин пойгоҳҳои хабарии мухолифон аст, ки таҳаввулот дар Беларуси таҳти назари раҳбари худкома Александр Лукашенкоро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Бо амри додгоҳ, вебсайти ин телевизион ва тамоми саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста мешаванд. Лукашенко моҳи июл таҳдид кард, ки Беларусро аз фаъолон, матбуот ва ҷомеаи маданӣ “пок” мекунад.

Моҳи август аз интихоботи даъвоии президентии Беларус, ки бо пирӯзии Лукашенко анҷомиду сабаби сар задани эътирозҳои сартосарӣ дар кишвар гардид, як сол пур мешавад. Ба иттилои маркази ҳуқуқи башари “Весна”, танҳо дар моҳи июл дар ин кишвар беш аз 200 рейд дар дафтарҳои кориву хонаҳои фаъолону журналистон барпо шуд. Ҳоло 27 журналист дар ҳабс ваё дар интизори мурофиаҳои додгоҳӣ қарор доранд. Ду журналисти Belsat TV – Катерина Андреева ва Даря Чултсова ҳам дар зиндон ҳукми дусолаи ҳабсро пуштисар мекунанд.

Яке аз раҳбарони ин телевизион Алекси Дзикавитски гуфт, ки кори ин шабакаи телевизионӣ идома хоҳад ёфт.

Мақомоти Қазоқистон аз расонаҳо талаб доранд, як акси нозеби Назарбоевро пок кунанд

Вазорати иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон аз расонаҳо талаб дорад, аксеро пок кунанд, ки дар он Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон нохуб нақш ёфтааст.

Дар акс Назарбоев бо бинии масхарабоз нақш ёфта буд. Вазорати иттилоот гуфт, нашри ин акс ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Маълум нест, аксро кӣ кашидааст.

Аксро дар деворе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 8 июл кашиданд, аммо ҳамон рӯз онро пок карданд.

Муҳоҷирони қирғизистонӣ аз Туркия нафақа мегиранд

Парчамҳои Туркия ва Қирғизистон.

Туркия ба қисме аз муҳоҷирони қирғизистонӣ пардохти нафақаро шуруъ кард. Дар ин бора Кубаничбек Омуралиев, сафири Қирғизистон дар Туркия дар як ҷаласаи порлумони Қирғизистон хабар дод.

Вай гуфт, дар асоси созиш "Дар бораи таъмини иҷтимоӣ байни ҳукумати Қирғизистон ва ҳукумати Туркия", шаҳрвандони ду кишвар, ки дар Туркия ё Қирғизистон бештар аз 15 сол фаъолият кардаанд, шуруъ аз моҳи марти соли ҷорӣ нафақа мегиранд.

Созиши мазкур моҳи апрели соли 2018 дар Туркия имзо шудааст.

Кубаничбек Омуралиев нагуфт, ки айни замон чи теъдод аз шаҳрвандони Қирғизистон аз Туркия нафақа мегиранд. Вай афзуд, то шуруъи вабои коронавирус дар Туркия аз 20 то 25 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон фаъолият мекард.

Узбекистон фаъолияти паёмакрасони чинии "WeChat"-ро маҳдуд кард

Акс аз бойгонӣ.

Нозироти давлатии Узбекистон оид ба назорати соҳаи иттилоот ва коммуникатсия (Узкомназорат) кори боз як паёмакрасон -- "WeChat"-ро маҳдуд кард.

"Узкомназорат" пештар кори шабакаҳои иҷтимоии "Twitter", "TikTok" ва "ВКонтакте"-ро дар Узбекистон маҳдуд карда буд. Паёмакрасони "Skype" ҳам дар он кишвар кор намекунад.

Сабаби маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои ахир дар Узбекистон "нақзи қонунгузорӣ ҳангоми коркарди маълумоти шахсии шаҳрвандони кишвар" гуфта мешуд. Вале масъулони "Узкомназорат" шарҳ надодаанд, ки "WeChat"-ро чаро ба "рӯйхати қонуншиканҳо" шомил карданд. Дар иттилоияи ин ниҳод танҳо гуфта шуда, ки маҳдудият дар сурати ислоҳи камбудҳо бекор карда мешавад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев чанде пеш корбарони TikTok-ро барои таҳқири муҷассамаҳои Амир Темур ва шоир Алишер Навоӣ танқид карда буд.

"Дуздӣ" ё "тундгароӣ"? Боздошти афсари собиқ баъди бозгашт аз Туркия

Муҳриддин Эмомов

Як афсари пешини Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ба гуфтаи хешовандонаш, бо гумони "тундгароӣ" дастгир шудааст.

Муҳриддин Эмомов пас аз тақрибан панҷ соли будубош дар Туркия, моҳи феврали соли 2020 ба ватан баргашта буд. Мақомот дар аввал ӯро бо гумони узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро меҷустанд, вале соли 2019 афв карданд.

Пайвандонаш мегӯянд, Муҳриддин Эмомов 7-уми июли имсол дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва аз тарафи маъмурони амниятӣ боздошт шуд. Ҷое ки, ба қавли онҳо, "ҳамроҳи оилааш зиндагии маъмулӣ дошт" ва барои таъмини зану фарзандон ошхонаеро фаъол карда буд.

"Мақомоти амниятӣ ӯро барои гуё рух додани як мавриди дуздӣ дар ошхона дастгир карда, дертар барои ба дигарон фиристодани матлабе дар Интернет муттаҳам намудаанд. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 307, қисми 2 (тундгароӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) парванда кушодаанд”, -- нақл кард Майдабӣ Худоёрова, модари Муҳриддин Эмомов, рӯзи 27-уми июл. Ин иттиҳом аз 5 то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Наздикони Муҳриддин Эмомов ҳодисаро тарҳрезишуда меноманд ва барои таҳқиқи одилонаи он аз мақомот мадад мехоҳанд. Мақомоти амниятии вилояти Хатлон то ҳол дар мавриди чигунагии боздошт ва иттиҳоми зидди ӯ шарҳе надодаанд. Аз ин рӯ, маълум нест, Муҳриддин Эмомов барои паҳн кардани кадом матлаб муттаҳам аст.

Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳе дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо масъулони мақомоти интизомӣ ва боздоштгоҳи пойтахт низ то ин дам натиҷа надод.

Робия Эмомова, хоҳари Муҳриддин Эмомов, рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, барои мулоқот ба боздоштгоҳ рафт, вале "бинобар ҳузур надоштани муфаттиш иҷозаи ворид шудан надоданд".

Муҳриддин Эмомов аз соли 2015 то 2020 дар Туркия кору зиндагӣ мекард, аммо ба зану фарзандонаш иҷозаи берун рафтан аз кишвар дода нашуд. Худаш бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт ва соли 2019 бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод гардид.

Соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии кишвар тағйироте ворид кард ва ба онҳое, ки бар асоси моддаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм гумонбар мешаванду дар хориҷа қарор доранд, ваъдаи афв дод.

Мақомот мегӯянд, афви гумонбарон ба шарте татбиқ мешавад, ки ин афрод собиқаи ҷиноӣ надошта бошанд ва ибрози пушаймонӣ кунанд. Чанд нафари гумонбар ба узвият дар созмонҳои мамнуъ ба Тоҷикистон баргаштанд, вале на ҳамаи онҳо озод шуданд.

Эмомов то замони рафтан ба Туркия дар Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва Раёсати умури дохилии пойтахт кор кардааст.

"1700 маҳбусро аз Душанбе ба Ваҳдат бурданд"

Ҳангоми озодии баъзе аз маҳбусон. Акс аз моҳи октябри 2019

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, 1700 маҳбусро аз зиндони рақами як дар маркази Душанбе ба маҳбаси нав дар шаҳри Ваҳдат кӯчондаанд. Як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ (Идораи зиндонҳо) 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, «онҳо рӯзи якшанбеи гузашта, 25-уми июл, ҷобаҷо шуданд.»

«Шароити маҳбаси нав беҳтар аст. Агар дар маҳбаси аввал дар як утоқ то 80 нафар нигоҳ дошта мешуданд, дар ҳуҷраҳои маҳбаси нав 10-нафарӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Шароити хобу ошхонаву муҳити дигар низ беҳтар аст», -- илова кард ӯ.

Маҳбаси нав дар канори роҳи Душанбе – Ваҳдат, дар 15 километрии маркази пойтахт, ҷойгир аст, вале хабарнигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онро надидаанд.

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, 27-уми июл гуфт, падараш дар зиндони нав дар Ваҳдат қарор дорад, аммо ҳанӯз бо ӯ суҳбат накарданд ва дар бораи шароити ин маҳбас чизе намедонанд.

Кӯчондани зиндониён аз маҳабси рақами аввали Душанбе ба зиндоне дар Ваҳдат 14-уми июли имсол оғоз шуда буд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. То замони қабули Қонуни авф дар охири соли 2019 дар ин муассисаҳо тақрибан 13 ҳазор маҳбусро нигоҳ медоштанд. Бар асоси қонуни мазкур бештар аз 7 ҳазор нафари онҳо озод шуданд.

Дар се соли охир зиндонҳои Тоҷикистон шоҳиди чанд ошӯби хунин шуданд, ки камбудҳои ин маҳбасҳоро бармало кард. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, дар маҷмуъ 50 нафар кушта шуданд.

Мақомот гуфтанд, ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.

Вазир гуфт, қабули онҳое, ки ба нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ёрӣ кардаанд, матраҳ нест

Сироҷиддини Муҳриддин

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мавзӯи қабули онҳое, ки дар Афғонистон ба нерӯҳои НАТО кумак кардаанд, дар баррасӣ нест.

Пештар раиси ҷумҳурии Амрико эълон кард, ки тарҷумонҳо ва шахсони дигареро, ки дар Афғонистон ба нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ ёрӣ расондаанд, аз он кишвар берун мебарад. Хабарҳое низ буд, ки Амрико то содир шудани раводид ё виза ин афродро дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон нигоҳ медорад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе ба суол дар ин бора чунин посух дод: "Дар рӯзномаи музокироти дуҷониба ин мавзуъ баррасӣ намешавад." Аз ин бештар шарҳ надод.

Моҳи гузашта Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфта буд, "ҳазорон тарҷумон ва дигар афғонистониҳое, ки ба Иёлоти Муттаҳида кумак кардаанд, дур аз таваҷҷуҳи ИМА нахоҳанд монд. Раванди кӯчонидани афғонҳое, ки ба ИМА кумак кардаанд, аллакай оғоз шудааст".

Баъзе аз расонаҳои амрикоӣ навиштанд, Ҷо Байден аз Тоҷикистону Қазоқистон ва Узбекистон дархост кардааст, ки муваққатан 9 ҳазор афғонҳои ёрирасони нерӯҳои байналмилалиро дар хоки худ ҷой диҳанд. Аммо пештар Узбекистон ба ин дархост посухи рад дода буд, Қазоқистон гуфт, ки масъаларо баррасӣ мекунанд.

Эркин Қосимов, сафири собиқи Тоҷикистон дар Бритониё, даргузашт

Эркин Қосимов

Эркин Қосимов, сафири пешини Тоҷикистон дар Бритониё, рӯзи 27-уми июл дар 70-солагӣ даргузашт.

Ӯ соли 2016, пас аз ҳашт соли сафирӣ, аз Лондон ба Душанбе баргашта, бознишаста шуда буд.

Яке аз пайвандонаш ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Эркин Қосимов “чанд муддат аз бемории COVID-19 ранҷ мебурд”, аммо шифо ёфт. “Охири ҳафтаи гузашта қалбаш ба дард даромад ва субҳи сешанбе дар бемористон фавтид”, -- афзуд ӯ.

Эркин Қосимов соли 1951 таваллуд шуда, бахши зиёди умрашро ба фаъолияти дипломатӣ сарф кардааст. Ӯ дар аввал дар намояндагии расмии Шӯравии пешин дар Ироқ кор карда, сипас сафири Тоҷикистон дар Австрия ва намояндаи доимии кишвар дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо буд.

Як муддат дар мансаби муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.

Як даъвогари курсии президенти Узбекистонро дар додгоҳ муҳокима мекунанд

Ҷаҳонгир Отаҷонов

Рӯзи 26 июл додгоҳе дар шаҳри Тошканд ба баррасии парвандаи Ҷаҳонгир Отаҷонов, даъвогари пешини курсии президенти Узбекистон шуруъ кард.

Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд рӯзи 24 июл Отаҷоновро "барои таҳқиру туҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ" ба додгоҳ кашидааст.

Маркази матбуотии Сарраёсати корҳои дохилии Тошканд гуфт, Отаҷонов "аз кардааш изҳори таассуф кардааст".

Отаҷонов ибтидои моҳи ҷорӣ дар наворе гуфт, ки наметавонад, мошинашро аз таваққуфгоҳи ҷаримавӣ бигирад. Ба гуфтааш, ба таваққуфгоҳ бурдани мошини вай ангезаи сиёсӣ дорад. Отаҷонов дар идома аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ интиқод кард ва онҳоро "хоини давлату миллат" ва "ҳаромзода" номид.

Мақомоти пулиси Узбекистон гуфтанд, мошини Отаҷоновро барои он ба таваққуфгоҳ бурданд, ки онро шахсе бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ идора мекард.

Баъдтар Отаҷонов бо нашри навори дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ узрхоҳӣ кард.

Отаҷонов дар моҳи декабри соли 2020 эълом карда буд, ки дар интихоботи президентии моҳи октябри соли 2021 ширкат мекунад. Вай 10 июли соли ҷорӣ гуфт, муваққатан аз сиёсат канор меравад ва ба шуғли пешинаш - овозхонӣ мепардозад.

Блинкен аз президенти Тунис эҳтиром ба демократияро хост

26 июл, шаҳри Тунис. Президенти Тунис Қайс Саид дар миёни тарафдоронаш гаштугузор мекунад

Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико рӯзи 26-уми июл гуфт, котиби давлатӣ, Энтони Блинкен, дар сӯҳбати телефонӣ бо президенти Тунис "риояи меъёрҳои демократиро" хостааст. Қайс Саид ахиран ҳукуматро ба истеъфо фиристода, бо ёрии артиш кори порлумонро ҳам қатъ кард.

Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Амрико омадааст, Блинкен "аз президент Саид тақозо кард, ки ба принсипҳои демократия ва ҳуқуқи башар ҳамчун асоси мудирият дар Тунис пойбанд бимонад."

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26-уми июл ба оромӣ ва сулҳ дар Тунис даъват кард. Фарҳон Ҳақ, сухангӯи дабири кулли СММ, аз ҷонибҳо хост, ки "хештандорӣ кунанд, даст ба зӯроварӣ назананд ва вазъро ором нигоҳ доранд." Ҳақ гуфт, "тамоми баҳсу норизоиятҳо бояд бо роҳи муколама ҳал шавад". Ӯ ба ин суол, ки то куҷо СММ рӯйдодҳои Тунисро талоши сарнагун кардани ҳукумат мешуморад, изҳори назар накард.

Рӯзи 26-уми июл, вақте президенти Тунси Қайс Саид нахуствазири кишвар Ҳишом Машиширо ба истеъфо фиристод ва кори порлумонро ба муддати 30 рӯз боздошт, дар беруни бинои порлумон ҷанҷол бархост. Ин иқдоми президентро ҳизби калонтарини исломии Ан-Наҳда ҳамчун “табаддулот” маҳкум намуд. Ин ҳолат сабаб шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳ барои муҳофизати биноҳои ҳукуматӣ дар ин кишвари Африқои Шимолӣ фаро хонда шаванд.

Дар Олимпиада 153 ҳолати мусбати COVID-19 ошкор шуд

Варзишгарон интизори супурдани тести COVID-19

Ташаббускорони бозиҳои олимпӣ дар Токио гуфтанд, ки аз оғози моҳи ҷорӣ дар 153 нафари сабтшуда барои ширкат дар бозиҳои олимпии Токио тести мусбати олудагӣ ба COVID-19 ошкор шудааст ва аз инҳо 16 нафарашон дар 24 соати гузашта ба қайд гирифта шудаанд. 19 нафари онҳо варзишгарони иштирокдори бозиҳои олимпӣ мебошанд. Бархе аз ин варзишгарон дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, ки он ҷо дар маҷмӯъ то ҳол 16 ҳолати мусбати олудагӣ ба вирус ошкор шудааст.

Нафарони олудашударо масъулин ба меҳмонхонаҳои махсус карантин карданд. Бозиҳои олимпие, ки бо сабаби пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтоданд, рӯзи 23 июл дар Токио таҳти шароити изтирорӣ шурӯъ шуданд. Барои тамошову ҳаводории бозиҳо ҳеҷ як тамошобин аз дохил ва хориҷи Ҷопон роҳ дода нашуд.

COVID-19 ва ҳушдори ИМА: Ба Испания, Португалия, Қибрис ва Қирғизистон сафар накунед

Шаҳри Бишкек

Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо ва ҳам Департаменти давлатӣ ба шаҳрвандони ин кишвар як ҳушдоре нашр карданд, ки бо сабаби афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 сафар ба чанд кишвар, аз ҷумла, Испания, Португалия, Қибрис ва Қирғизистон машварат намешавад. Дар ҳоле, ки ниҳоди аввал гуфтааст, ин кишварҳо ба гурӯҳи чоруми хатар ворид шуда, шаҳрвандон бояд аз сафар ба ин кишварҳо “худдорӣ кунанд”, Департаменти давлатӣ гуфтааст, ба ин кишварҳо “сафар накунед”.

Ин ду ниҳод инчунин Арманистонро аз назари хатари паҳншавии COVID-19 ба гурӯҳи сеюм шомил карда гуфтааст, ки афроди эмнашуда бояд аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

Маркази пешгирии бемориҳои ИМА бори охир моҳи июн як машваратномае оид ба сафар ба 110 кишвари ҷаҳон нашр карда буд, вале зоҳиран афзоиши ҳодисаҳои олудашавии нав дар ҷаҳон мақомоти амрикоиро водор кард, ки ҳушдори наве содир кунанд.

Эътирозгарон дар Теҳрон: “Марг бар диктатор”

Сокинони Теҳрон ба нишони пуштибонӣ аз Хузистон ба намоиши эътирозӣ баромаданд

Норизоият аз камбуди об ва мушкилоти иқтисодӣ дар Эрон то ба кӯчаҳои Теҳрон паҳн шуд. Ба иттилои Радио Фардо, эътирозгарон субҳи 26 июл бо нидоҳои “Марг бар диктатор” норизоияти худро аз раҳбарияти исломии кишвар баён карданд. Аксу наворҳои видеоӣ аз хиёбони Ҷумҳурии Исломӣ дар маркази Теҳрон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Эътирозгарон дар Теҳрон инчунин пуштибонии худро аз мардуми Хузистон ва дигар шаҳрҳои Эрон баён карданд, ки аз 15-уми июл ба ин сӯ бо сабаби камбуди об даст ба эътироз задаанд.

Дар як навори видеоӣ эътирозгаре дар Теҳрон аз раҳбарияти сиёсии кишвар ошкоро норизоият карда мегӯяд: “Тӯп, тонк, оташбозӣ, охундҳо бояд бираванд”. Дар видеоҳои дигар бо ишора ба раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ нидоҳои “Шармандагӣ ба Хоманеӣ, ба кишвари ту”, “Бирав!” садо медиҳад.

Эрон, ки дастикам 50 соли охир бо мушкили биёбоншавӣ рӯбарӯ шудааст, бо сабаби мушкили мудирияти бади низоми обтаъминкунӣ мавриди интиқоди мардумаш мебошад. Дар манотиқи Эрон мушкили камбуди барқ ҳам як масъалаи ҷиддии дигари солҳои охир табдил шудааст. Аз замони шурӯи эътирозҳо дар Эрон мақомот дастикам 5 нафарро ба қатл расониданд.

Байден: Рисолати ҷангии сарбозони амрикоӣ дар Ироқ охири сол поён меёбад

Пойгоҳи Басмая, Ироқ, январи соли 2016. Низомиёни амрикоиву испанӣ сарбозони ироқиро тамрин медиҳанд

Президенти Амрико гуфт, нирӯҳои амрикоӣ дар охири соли 2021 рисолати худро дар Ироқ поён медиҳанд, вале нақши онҳо ҳамчун мушовиру тамриндиҳандаи артиши Ироқ идома хоҳад ёфт.

Ҷо Байден дар ин бора рӯзи 26-уми июл ҳангоми мулоқот бо нахуствазири Ироқ Мустафо Козимӣ дар Кохи Сафед хабар дод. Дар изҳороти муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ гуфта шудааст, "ҳамкориҳо бар сари масоили тамрин, машваратдиҳӣ ва табодули иттилои махфӣ тамаркуз хоҳад кард".

ИМА моҳи апрел гуфт, ки 2500 низомии амрикоӣ дар Ироқ монда, кори худро дар бахши тамрину машварат идома медиҳанд, вале нагуфт, тағйири нақши онҳо кай сурат мегирад.

Ҷейн Псаки, сухангӯйи Кохи Сафед ба саволи ин ки аз 2500 сарбози амрикоӣ то охири соли ҷорӣ дар Ироқ чӣ шуморе аз онҳо боқӣ мемонанд, ҷавоб надод.

Нирӯҳои амрикоӣ 18 сол пеш ба хотири сарнагун кардани режими Саддом Ҳусайн, раиси ҷумҳури собиқи Ироқ, вориди ин кишвар шуда, дертар раҳбарии Эътилофи зидди ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”-ро ба ӯҳда гирифтанд. Дар изҳороте, ки Кохи Сафед нашр кард, омадааст, Байден ва Козимӣ ба идомаи шарикии амниятӣ таъкид намуданд.

"Наслкуширо эътироф намекунанд". Бойкоти сохторҳои давлатӣ аз ҷониби сербҳои босниягӣ

Валентин Инско, намояндаи калони СММ оид ба Босния

Намояндаи сиёсии сербҳои босниягӣ эълон кард, ки дар кишвари Боснияву Ҳерсоговина кори тамоми сохторҳои давлатиро бойкот мекунад. Бранислав Боренович, яке аз раҳбарони мухолифон гуфт, ки чунин тасмим дар вокуниш ба қарори ҳафтаи гузаштаи намояндаи калони СММ оид ба Босния гирифта шуд, ки рад кардани геносид ё наслкуширо манъ намуд. Боренович дар як нишасти хабарии рӯзи душанбе гуфт, ки ин қарор аз 27 июл ба иҷро медарояд ва ба раёсатҷумҳурии муштарак, парлумон ва ҳукумати кишвар дахл хоҳад дошт.

Неделко Чубрилович, президенти “Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Серб” – як анҷумани сербҳои Боснияву Ҳерсоговина гуфт, ки то замони ҳал шудани масъала аъзои ҳизбҳои онҳо дар кори сохторҳои давлатӣ иштирок намекунан. Дар ин бора бахши Балкании Радиои Озодӣ хабар дод.

Валентин Инско, намояндаи аршади СММ дар масоили Босния, ки иҷрои созишномаи соли 1995-и Дейтон оид ба шарту шароити хатми ҷанги солҳои 1992-95-и Боснияро назорат мекунад, рӯзи 23-юми июл ба Кодекси ҷиноии Босния иловае ворид кард. Ин иловаву таҳрир рад кардани наслкушиҳо, ҷиноят алайҳи инсоният ва ҷинояҳои ҷангиро манъ карда, барои чунин қонуншиканӣ ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Чунин таҳаввулот хашми раҳбари сербҳои босниягӣ Милорад Додикро ба бор овард, ки пайваста такрор кардааст: наслкушии Сребренитса дар соли 1995 “ҷой надошт”.

Панҷ маҳкумшуда дар доираи парвандаи таркиши соли 1999 дар Тошканд сафед шуданд

Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон дар саҳнаи таркиши Тошканд. 16 феврали 1999.

Додгоҳи вилояти Тошканди Узбекистон рӯзи 24-уми июл панҷ маҳкумшударо дар доираи парвандаи таркишҳои 16-уми феврали соли 1999 сафед кард. Панҷ нозири гузаргоҳи гумрукии "Гишт куприк"-ро додгоҳ рӯзи 30-юми июни соли 1999 дар "Беамалӣ" айбдор ва 3-солӣ зиндонӣ карда буд.

Додгоҳ гуфт, касоне, ки таркишҳои моҳи феврали соли 1999-ро ташкил карда буданд, баъди анҷом додани таркишҳо тавассути гузаргоҳи "Гишт куприк" Тошкандро тарк кардаанд. Панҷ маҳкумшуда ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи 24-уми июли соли 2021 ҳукми зинаҳои поёниро дар бораи айбдор будани онҳо бекор кард.

Рӯзи 16-уми феврали соли 1999 дар шаҳри Тошканди Узбекистон чанд таркиш рух дод. Дар натиҷа 16 кас кушта ва бештар аз 100 каси дигар маҷруҳ шуд. Ислом Каримов, президенти вақти Узбекистон он замон гуфта буд, ки таркишҳоро тундгароёни динӣ ташкил карда, ҳадаф сӯиқасд ба ҷони президент буд.

Қирғизистон барномаи нави манзилро қабул кард

Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Девони вазирони Қирғизистон барномаи нави манзилро ба тасвиб расонд, ки тибқи он, дар баробари омӯзгорону табибон қишрҳои дигари сокинон низ метавонанд қарзи ипотекаи чордарсадиро барои 25 сол дарёфт кунанд.

Ба огаҳии Ширкати давлатии ипотекаи Қирғизистон, санади мазкур зери унвони "Хонаи ман 2021-2026" 25 июл имзо шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкат Жилдиз Бекбаева, дар барномаи нав шартҳои дарёфти ипотека тағйир дода шудааст. Агар пештар сокинон қарзро бо 6-8 дарсади солона барои 15 сол мегирифтанд, ҳоло онро бо 4 дарсади солона барои 25 сол метавонанд бигиранд.

Ҳамчунин дар баробари табибу омӯзгор ва хидматчии давлатӣ қишрҳои дигар низ метавонанд ипотекаи мазкурро дарёфт кунанд.

Ширкати давлатии ипотекаи Қирғизистон соли 2015 таъсис дода шуд. Барномаи нахустини он охири соли 2020 ба поён расид. То ба ҳол 5 ҳазору 240 кас ипотекаро дарёфт карда, 10 ҳазор нафари дигар дар навбатанд.

Пирӯзии Акмал Муродов дар аввалин рақобати худ дар сабқати ҷудои Олимпиадаи Токио

Акмал Муродов.

Акмал Муродов, паҳлавони тоҷик, субҳи имрӯз, 27-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 81 кило бар Ҷоштер Эндрю аз Гуам пирӯз шуд. Ҳамакнун Акмал дар даври баъдӣ бо Тато Григалашвили аз Гурҷистон рақобат хоҳад кард.

Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал Муродови 25-сола дар зинаи 53-юм ва Тато Григалашвили дар зинаи 3-юм қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад. Тато Григалашвилии 21-солаи номдору пуртаҷриба барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2021 дар Маҷористон мебошад. Вай имсол, инчунин дар мусобиқаи устодони ҷудо дар Доҳаи Қатар (Doha Masters 2021) ғолиб шуда, дар Tbilisi Grand Slam 2021 медали биринҷӣ гирифтааст.

Ёдовар мешавем, аз байни паҳлавонони тоҷик аввалин шуда Сомон Маҳмадбеков 26-уми июл дар Олимпиадаи Токио вориди рақобат шуд. Вай дар ду даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 73 кило бар Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон ва Файе Нҷие аз Гамбия пирӯз шуд, вале дар даври севум аз Рустам Оруҷеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Аз байни паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи olympics.com қувваозмоӣ миёни Баҳодур Усмонови 23-сола (либоси сурх) ва Элнур Абдураимови 27-сола (либоси кабуд) рӯзи 31-уми июл соати 12:51 бо вақти маҳаллӣ (8:51 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Элнур Абдураимов барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Доҳаи Қатар мебошад. Ӯ соли 2017 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон мақоми панҷумро касб кардааст. Элнур соли 2017 дар қаҳрамонии Осиё дар Тошканд бо медали тилло сарфароз шудааст. Имсол бошад, дар қаҳрамонии Осиё дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Баҳодур Усмонов бошад, соли 2019 дар Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст. Ӯ имсол дар қаҳрамонии Осиё дар Дубай медали биринҷӣ гирифт. Баҳодур дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2019 дар Екатеринбурги Русия мақоми нӯҳумро касб кардааст.

Қаблан муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило аз Даксианг Чен аз Чин бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Боз як муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров рӯзи 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоӣ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад.

Дар намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо – паҳлавон Комроншоҳи Устопириён, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дувум ва севумро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Токио медал ба даст меоранд, дар пойтахти кишвар хона туҳфа мекунад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG