Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина 16,5 миллиард доллар қарз мегирад


Normal 0

Сандуқи байналмилалии пул ба ироаи як бастаи 16,5-миллиарддоларии кӯмакҳояш ба Украина усулан ризоият додааст. Ин баста ба шакли қарз барои 24 моҳ дода мешавад ва ҳадаф аз он мусоидат ва кӯмак ба Киев дар амри муқобила бо асароти бӯҳрони саросарии молист.

Аммо раиси Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страус –Кан гуфт, қарзи мазкур танҳо пас аз тасвиб шуданаш аз ҷониби мудирият ва шӯрои ҳукоми ин ниҳоди молӣ ва ҳам ислоҳи қонуни бонкдории Украина дар ихтиёри он кишвар қарор хоҳад гирифт.

Ин ниҳод дар бораи тавофуқаш ҷиҳати ироаи кӯмаки қобили мулоҳиза ба Маҷористон низ хабар дод, вале ҳаҷми кӯмакаш ба Будапештро маълум накардааст.
XS
SM
MD
LG