Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуди Аҳмадинажод мариз шудааст


Раисиҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бар асари хастагии зиёд мариз шудаааст. Дар ин бора хабаргузориии расмии ИРНА бо такя ба дӯсти раисиҷумҳур ва вакили Маҷлиси Эрон Муҳаммад Исмоил Кавсарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи Кавсарӣ, сабаби маризӣ - фишори шадид дар кор аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Аҳмадинажод ба зудӣ шифо меёбад ва ба ифои вазифа мепардозад. Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳури Эрон то 20 соат дар як шабонарӯз кор мекунад. Чанд рӯзи охир Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросимҳои расмӣ ҳузур надорад.

XS
SM
MD
LG