Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар куштори рузноманигор муттаҳам дониста шуд


Муфаттишони Руссия мегуянд, як афсари пулис барои нохост тир холӣ кардан ба суи рузноманигор Муҳаммад Евлоев дар зиндоне дар Ингушетиё муттаҳам дониста шудааст. Евлоев соҳиби сомонаи интернетие буд, ки дар бораи одамрубоӣ, нақзи ҳуқуқ ва кушторҳо дар Ингушетиё гузориш медод. Вай 31-уми август кушта шуд. Ин куштор нигарониҳо аз амнияти рузноманигорон дар Руссияро бештар кард.
XS
SM
MD
LG