Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Таҳримҳои Амрико ба суди муносибатҳо нест


Русия ба тасмими Амрико дар бораи таҳрими судури аслиҳаи Руссия хашмгинона посух дод. Вазорати хориҷаи Амрико Рособоронэкспортро дар феҳристи 13 ширкате шомил кардааст, ки идаъо мешавад ба Ирону Куриёи Шимолӣ ва Сурия аслиҳа ё таҷҳизоти аслиҳаи пешрафта мефурушанд. Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия дар посух ба ин тасмим чунин гуфт:


"Таҳримҳои нав бидуни дар назардошти муқаррароти қонунҳои байналмиллалӣ ҷорӣ шудааст. Тасмим бар асоси қоъидаву қонунҳои Амрико гирифта шудааст. Мо мехоҳем ба чунин раванд хотима диҳем. Ин бо воқеъияти ҳол комилан муғоират дорад".

Ҳоло бо эълони чунин таҳрим ҳеҷ як аз ширкатҳои давлатии Амрико наметавонанд бо Русияву Чин ва Венесуэло қарордоди ҳамкорӣ имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG