Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо хостори низоми нави молӣ шуд


Хосе Мануэл Бароссо-раиси кумиссюни Аврупо мегуяд, кишварҳое, ки аз буҳрони молии сартосарӣ осеб дидаанд, бояд барои таҳияи қонунҳои нави байналмиллалии низоми молии ҷаҳон ҳамкорӣ кунанд. Вай ин нуктаро дар Пекин-пойтахти Чин дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиё ва Аврупо изҳор дошт. Вай гуфт:

"Имруз Осиёву Аврупо як ҷо дар Пекин гиридҳам омадаанд, то роҳҳои рафъи буҳрон ва пирузӣ бар онро пайдо кунанд".

Мулоқоти Пекин салоҳияти таммимгирӣ надорад, вале ширкаткунандагон умедворанд, ки кишварҳо дар остонаи мулоқоти 15-уми ноябри Вошингтон мавзеъгирии худро ҳамоҳанг мекунанд.

XS
SM
MD
LG