Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурғоби Тоҷикистон ба интернет васл мешавад


Бино ба иттилоъи Тоҷиктелеком, кашидани хати фибри нурӣ аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон оғоз шудааст. Дар марҳалаи аввал ин хат 56 километрро ташкил хоҳад дод ва аз Тавилдара то маркази ноҳияи Дарвоз кашида мешавад. Эҳдоси ин хати дар маҷмуъ 960 километрӣ моҳи сентябри соли оянда ба поён мерасад ва бисёре аз ноҳияҳои ин масир ба шабакаи интернет васл хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG