Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти Бобул ба ироқиҳо вогузор хоҳад шуд


Normal 0

Нирӯҳои амниятии Ироқ имрӯз масъулияти таъмини амният дар вилояти шиъанишини Бобулро бар дӯши худ хоҳанд гирифт. Бобул вилояти 12-ум аз 18 вилояти Ироқ аст, ки масъулияти таъмини амнияташ ба ироқиҳо вогузор мешавад.

Таҳвили масъулиятҳои амниятӣ дар Бобул дар ҳоле сурат мегирад, ки ихтилофи назарҳо миёни Амрикову Ироқ бар сари паймони амниятие, ки шароити ҳузури минбаъдаи нирӯҳои Амрикоро муқаррар мекунад, то ҳол рафъ нашудааст.

Вошингтон Бағдодро аз пайомадҳои воқеъии чунин ҳол ҳушдор дод, вале вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зиборӣ гуфт, ки Бағдод хоҳони тағйироти кӯчаке дар тарҳи ин қарордод аст.
XS
SM
MD
LG