Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба ноҳияи Шӯробод


Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони 14 муассисаи беҳдоштӣ дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон 860 ҳазор доллар ихтисос додааст. Ин миқдор маблағ барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ва омузиш додани кормандони беҳдошти ноҳия ба масраф мерасад. Ҳоло сохтмони шифохонаи марказии ноҳия аз ҳисоби ҳамин маблағ оғоз шудааст. Дар шифохонаҳои ноҳияи Шӯробод 58 пизишк ва 116 ҳамшираи шафқат намерасад. Дар оянда дар ноҳияҳои Қубодиёну Сарбанд ва Норак низ чунин барномаҳо дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG