Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми 106-уми Тоҷикистон дар раддабандии RSF


Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис, Шохиси озодии матбуот дар соли 2008 дар 173 кишвари ҷаҳонро нашр кард.

Дар раддабандии ин созмони дифоъ аз озодии матбуот, се мақоми аввалро кишварҳои аврупоии Исландия, Люксембург ва Норвегия ишғол карда, аз байни кишварҳои шӯравии собиқ баландтарин мақомро Эстония соҳиб шудааст, ки дар зинаи 4-ум аст. Тоҷикистон, ки соле пеш дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” дар мақоми 115 буд, имсол 9 зина болотар рафта, дар зинаи 106 ҷой гирифтааст, ки баландтарин мақом дар байни кишварҳои Осиёи Марказист. Қирғизистон дар зинаи 111, Қазоқистон – 125, Узбакистон дар мақоми 162 ҷойгир шуда, Туркманистон дар ин раддабандӣ танҳо аз Кореяи шимолӣ ва Эритрея пештар буда, дар зинаи 171 ҷой гирифтааст.


XS
SM
MD
LG