Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори афғон 20 солро дар ҳабс мегузаронад


Додгоҳи таҷдиди назари Афғонистон ҳукми эъдоми рӯзноманигори муттаҳам бо куфрро ба бист соли зиндон иваз кард.

Парвиз Комбахши 24 сола дар моҳи январ аз тарафи додгоҳи шаҳри шимолии Мазори Шариф ба эъдом маҳкум шуда буд.

Комбахш, ки ҳамзамон бо рӯзноманигорӣ донишҷӯй низ мебошад, мақолаеро аз як саҳифаи интернетии эронӣ чоп намуда, ба рафиқонаш тақсим кардааст. Дар мақолаи мазкур пайғамбари дини Ислом бо нодидагирии ҳуқуқи занон муттаҳам мешуд.

Мамолики ғарбӣ, расонаҳои афғонӣ ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ҳабси Комбахшро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG