Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистон 991 нафарро бо терроризм муттаҳам кард


Дар давоми панҷ соли гузашта мақомоти Арабистони Саудӣ 991 нафарро бо иттиҳоми ширкат дар ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави ин мамлакат боздошт намудаанд. Шореҳон ин амали Арабистонро иқдоми муҳим дар мубориза бо терроризм арзёбӣ мекунанд. Вазири корҳои дохилии Арабистон Ноиф бин Абдулазиз мегӯяд, аз моҳи маи соли 2003-ум ба ин тараф ҷангҷӯён масъули беш аз 30 ҳамла мебошанд, ки ҳаёти 164 нафар ва аз ҷумла 74 ходими амниятиро аз байн бурдааст. То ҳол маълум нест, ки муҳокимаи муттаҳамҳо кай шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG