Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев зиёрати Арманистонро такмил менамояд


Имрӯз боздиди дурӯзаи президенти Русия Дмитрий Медведев аз Ереван ба анҷом мерасад. Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз Медведев бо раисҷумҳури Арманистон Серж Саркисян равобити тиҷрориву иқтисодии миёни ду кишвар ва ҳамчунон вазъ дар Қафқоз баъди ҷанги Русияву Гурҷистонро баҳс мекунанд. Арманистон муттафиқи таърихӣ ва коршарики наздики Русия дар минтақа аст. Вале тақрибан 90% тиҷорати Арманистон тариқи Гурҷистон амалӣ мешавад, зеро марзҳои Арманистон бо Туркияву Озарбойҷон баста мебошанд.

Медведев дар моҳи маи соли равон ба курсии раёсатҷумҳурии Русия нишастааст ва ин аввалин сафари ӯ ба Арманистон дар мақоми президент мебошад.
XS
SM
MD
LG