Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон


Normal 0

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дигарбора дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон изҳори нигаронӣ кардааст. Бан Гӣ Мун дар гузориши наве ба Маҷмаъи умумии СММ аз ҷумла гуфт, пайравони мазҳаби Баҳоия дар Эрон ғайриқонунӣ боздошту маҳкум мешаванд, манзили онҳоро мусодира ва тахриб мекунанд ва баҳоиҳо аз ҳаққи дастрасӣ ба ҷойи кор, маълумоти олӣ ва кӯмакҳои давлатӣ маҳрум будаанд.

Мояи дигари нигаронии дабири кулли СММ ҳукми эъдом дар Эрон, аз ҷумла иҷрои ҳукми қатли наврасон ва истифода аз сангсор ва эъдоми маҳкумин дар мазҳари ом будааст.


XS
SM
MD
LG