Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди генерали амрикоӣ аз заъфи иродаи НАТО


Normal 0

Як фармондеҳи аршади нирӯҳои НАТО иродаи сиёсии ин паймон барои иҷрои тааҳҳудоташ дар Афғонистонро заъифу нокофӣ хондааст. Генерал Ҷон Крадок, фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Аврупо дар як маърӯза дар Лондон гуфт, тасмими бархе кишварҳои узви НАТО, ки аз мушорикати нирӯҳои худ дар амалиётҳои муштарак дар манотиқи ошӯбзадаи ҷануби Афғонистон худдорӣ мекунанд, баёнгари нокомии ин паймони низомист. НАТО фармондеҳии 51 000 сарбозро дар Афғонистон бар ӯҳда дорад, вале фармондеҳони нирӯҳои эътилофӣ ба ирсоли нирӯи бештари ҷангӣ ба манотиқи ҷануб даъват мекунанд. Дар он минтақаҳои ошӯбзада дар ҳоли ҳозир асосан сарбозони Амрикову Бритониё, Канадаву Ҳолланд ва чанд кишвари дигар вориди даргириҳои сангине шудаанд.


XS
SM
MD
LG