Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳс доир ба санади Ироқу Амрико


Раҳбарони сиёсии Ироқ имрӯз баррасии тарҳи созишномаи амниятӣ бо Амрикоро идома медиҳанд, ки заминаҳои қонунӣ барои ҳузури нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқро баъди соли 2008 фароҳам мекунад. Раҳбарони сиёсии Ироқ дар ду рӯзи гузашта тарҳи созишномаро баррасӣ карданд, вале ба мувофиқа нарасиданд. Санади мазкур ба нерӯҳои Амрико иҷоза медиҳад, то се соли дигар дар Ироқ бимонанд. Сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Ал Даббоғ гуфт, танҳо намояндагони созмонҳои курдҳо аз санади мазкур бидуни мулоҳиза тарафдорӣ кардаанд. Аммо рӯҳонии бонуфузи шиъамазҳаби Ироқ Муқтадо Садр ва ҳатто дигар раҳбарони олирутбаи ҳукумати эътилофии нахуствазир Нурӣ - ал Моликӣ низ мухолифи тарҳи феълии санад будаанд. Нерӯҳои Амрико ҳоло бар асоси дастури Созмони Милал дар Ироқ ҷойгир шудаанд, ки мӯҳлати он охири имсол ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG