Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАСА ба гӯшаи низоми Хуршед киштӣ фиристод


Normal 0

НАСА, Ожонси кайҳоншиносии Амрико, ба хотири таҳқиқи гӯшаҳои низоми Хуршедӣ як киштии кайҳониро ба парвози дусола фиристодааст. Киштии Айбекс бояд барои нахустин бор харитаи гӯшаҳоеро, ки низоми Хуршедиро аз низомҳои дигари кайҳонӣ ҷудо мекунад, рӯи коғаз биорад.

Боди офтоб, ки дар канори низоми Хуршед мисли як пардаи ғафс ин низомро аз радиатсияи кайҳонӣ муҳофизат мекунад, дар ин гӯшаҳо бо газҳои сарде, ки аз низомҳои дигари кайҳонӣ бармеоянд, бармехӯрад.


XS
SM
MD
LG