Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Колин Повелл аз номзадии Барак Обама


Normal 0

Колин Повелл, вазири пешини умури хориҷии Амрико дар маъмурияти аввали президент Ҷорҷ Буш, аз номзадии Барак Обама пуштибонӣ кард.

Дар сӯҳбат бо телевизиони Эн Би Си, Повелл қобилияти ба худ ҷалби таваҷҷӯҳ кардани Обама ва паҳноварии маъракаи пешазинтихоботии ӯро ситоиш кард ва гуфт, номзади ҳизби демократ Барак Обама ҳама хислатҳои лозим барои як раисиҷумҳури фавқулодда ва муваффақро дорад. Номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн гуфт, рақиби демократашро пуштибонӣ кардани Повелли ҷумҳурихоҳ барояш хабари ғайричашмдошт набуд. Аммо, афзуд ӯ, 4 тани дигар аз вузарои пешини хориҷа аз номзадии вай ҳимоят кардаанд.

Бино бар назарсанҷиҳо, Обама дар корзори интихоботӣ бар МакКейн чанд фоиз бартарӣ дорад.


XS
SM
MD
LG