Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари вазири нави Бритониё ба Ироқ


Вазири нави дифоъи Бритониё, Ҷон Ҳаттон, дар нахустин сафари худ ба Ироқ, бо сарвазири ин кишвар Нурӣ ал-Моликӣ дар Бағдод мулоқот кард. Ду раҳбар қарор аст, сарнавишти минбаъдаи 4 000 сарбози бритониёиро, ки дар Басра мустақаранд, рӯшан кунанд. Моликӣ ҳафтаи гузашта гуфт, Ироқ аз ин ба баъд ба нерӯҳои ҷангии Бритониё ниёз надорад. Аммо Бритониё ба сони Иёлоти Муттаҳида бо Бағдод гуфтугӯ дорад, ки пас аз итмоми мӯҳлати таъинкардаи Шӯрои Амният дар поёни имсол низ нерӯяҳош дар Ироқ боқӣ бимонанд.
XS
SM
MD
LG